Дар дави ниммарафон дар Душанбе давандаҳои Русия пирӯз шуданд

© Sputnik / Амир ИсаевДави нимамарафон дар Душанбе 18 апрели соли 2015
Дави нимамарафон дар Душанбе 18 апрели соли 2015 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ниммарафони байналмиллалӣ, ки ба хотири Рӯзи пойтахт анҷом шуд ва дар суфуфи пирӯзиҳо танҳо давандаҳои хориҷӣ қарор доштанду варзишгарони тоҷик натавонистанд мавқеъи сазовореро соҳиб шаванд.

ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Шаҳрвандони Русия дар ниммарафони байналмиллалии ба хотири Рӯзи пойтахт дар Душанбе, ки 18 апрел баргузор шуд, пирӯз шуданд, хабар медиҳад маркази матбӯъотии шаҳрдорӣ.

Варзишгари рус аз Самара Юрий Чечун ба марраи дав, ки тӯлаш 22 километр буд, нахустин шуда расид. Мавқеъи дуввумро намояндаи Ӯзбекистон Андрей Петров ва ҷойи севвумро давандаи кениягӣ Вайтака Самуэл соҳиб шуданд.

Ниммарафанро аз миёни занон бо пирӯзии рустабор аз Санкт-Петербург Юлия Чиженко анҷом ёфт. Дар мавқеъи дуввум Марина Химеловская аз Ӯзбекистон ва дар ҷойи севвум Жаннатбек Гулжант аз Қазоқистон қарор гирифтанд.

Ҷоизаи пулӣ барои варзишгароне, ки ҷойи аввалро соҳиб шуданд 3,5 ҳазор доллари ИМА буд, барои ҷойи дуввум 2,5 ҳазорӣ ва барои ҷойи севвум ду ҳазор долларӣ буд.

Барои ташкили ин мусобиқаи варзишӣ шаҳрдории Душанбе ҳудуди 202 ҳазор сомонӣ (ҳудуди $40 ҳазор) ихтисос дода буд.

Лентаи хабарҳо
0