18:05 16 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Теннис

Дар Душанбе мусобиқаи дӯстдорони теннис барпо шуд

© Sputnik / Алексей Филиппов
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
12 0 0

Ҷоми мусобиқаро Ҷамолиддин Убайдуллоев, писари бузурги Маҳмадсаид Убайдуллоев соҳиб шуд.

ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Мусобиқаи боз миёни дӯстдорони теннис барои Ҷоми пойтахти Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 70-солагии Ғалаба дар Ҷанги бузурги ватании солҳои 1941-1945 рӯзҳои 25-26 апрел дар Қасри тенниси шаҳри Душанбе доир шуд, менависад сомонаи Кумитаи миллии олимпӣ.

Таджикские спортсмены на Олимпийских играх в Сочи. Архивное фото
Официальная страница президента РТ в Facebook

"Дар ин мусобиқа 27 нафар дӯстдорони теннис — намояндагони Дастгоҳи иҷроияи президент, вазорату идораҳо, созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон, ҳамчунин соҳибкорон иштирок карданд. Мусобиқа аз рӯи як намуд — инфиродӣ байни мардон сурат гирифт", — гуфтааст, Аббосиддин Саймуддинов, сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе, дар суҳбат бо "Радиои Озодӣ".

Ҷамолиддин Убайдуллоев, сардори Раёсати созмонҳои байналмилалии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, ки фарзанди бузурги Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллӣ ва шаҳрдори Душанбе мебошад, дар қувваозмоии ниҳоӣ бар ғолиби порсолаи ин мусобиқа Қосим Раҷабмадов, корманди масъули Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, пирӯз шуд ва бо мукофоти аслӣ — Ҷоми Пойтахт, медали тилло ва тӯҳфаҳо сарфароз гашт. Ба Раҷабмадов барои ҷойи дуюм ҷому медали нуқра ва тӯҳфаҳо супурда шуд.

Амирҷон Убайдуллоев, бародари хурдии Ҷамолиддин, ки муовини мудири шуъбаи молияи дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон аст, ҷойи сеюм ва Баҳодур Ҳомидов, додситони ноҳияи Синои Душанбе, ҷойи чорумро гирифтанд. Ҳарду бо ҷому медалҳои биринҷӣ ва тӯҳфаҳо мукофотонида шуданд.

Барчаспҳо:
мукофот, тӯҳфа, Ҷом, ғолиб, мусобиқа, Қасри тенниси шаҳри Душанбе, Баҳодур Ҳомидов, Амирҷон Убайдуллоев, Ҷамолиддин Убайдуллоев, Маҳмадсаид Убайдуллоев, Душанбе

Мавзӯъҳои асосӣ