02:57 12 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Гӯштигирӣ

Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё се нишон гирифтанд

© Sputnik / Владимир Баранов
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
4 0 0

Дар мусобиқоти мушобеҳи соли гузашта дар Қазақоистон варзишгарони тоҷик соҳиби ду нишони нуқра ва як нишони биринҷӣ шуда буданд.

ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Тими мунтахаби Тоҷикистон дар арсаи гӯштии озод ва гӯштии юнониву рӯмӣ аз мусобиқоти қаҳрамонии Осиё бо се нишон баргаштанд, хабар медиҳад Комитети миллии олимпии Тоҷикистон.

Ин мусобиқот дар шаҳри Доха аз 6 то 10 май баргузор шуд.

Дар вазни то 70 килограмм намояндаи Тоҷикистон дар бахши гӯштии озод Зелимхан Юсупов соҳиби нишони нуқрагӣ шуд. Дар мусобиқот вай бар варзишгарони Қирғизистон, Эрон, Муғулистон пирӯз ва ба давраи ниҳоӣ расид. Дар мусобиқаи ахир барои нишони тиллоӣ вай аз Беҳзод Абдураҳмонов аз Ӯзбекистон мағлуб шуд.

Фарҳод Аннақулов, ки дар вазни то 125 килограмм рақобат мекард, дар мусобиқа барои расидан ба даври ниҳоӣ натавонист бар варзишгари қирғиз Аял Лазеров пирӯз шавад.

Дар навъи варзиши гӯштии юнониву румӣ Муродҷон Тӯйчиев соҳиби нишони биринҷии қаҳрамонии Осиё шуд. Дар рӯзи ниҳоии мусобиқот вай дар вазни то 130 килограмм вориди рақобат шуд. Дар талош барои ҷойгоҳи севвум вай қабл аз мӯҳлат бар варзишгари ҷопонӣ бо ҳисоби 4:0 пирӯзӣ ба даст овард.

Ба иттилоъи Комитети миллии олимпии Тоҷикистон, соли гузашта дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар Қазоқистон паҳлавонони тоҷик соҳиби се нишон — ду нуқра ва як биринҷӣ шуда буданд.

Мавзуъ

“Варзиш-Спорт” Хуршед Маҳмудовро беҳтарин футболбози сол эълом кард
Барчаспҳо:
натоиҷи ширкати варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти Доха, Комитети миллии олимпии Тоҷикистон, Фарҳод Аннақулов, Муродҷон Тӯйчиев, Беҳзод Абдураҳмонов, Зелимхан Юсупов, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ