Тақдими ҷоиза ба ғолибони мусобиқаи шоҳмот

© Sputnik / Алексей Даничев / Гузариш ба медиабонкШоҳмотбозӣ. Акс аз бойгонӣ
Шоҳмотбозӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мусобиқаи шоҳмот миёни мардон ва занон сурат гирифта, Суҳроб Ҳамдамов миёни мардон ва Насриддинзода Марворид миёни занон пирӯз шудаанд.

ДУШАНБЕ, 21 май — Sputnik. Ғолибони мусобиқаи ҷумҳуриявии шоҳмот аз сӯи ширкати тиҷоратии "Формула успеха" ҷоиза гирифтанд, менависад саҳифаи расмии ин ширкат дар Фейсбук.

Мусобиқаи пойгаи шоҳона: “Формула-1” 65-сола шуд

Ба иттилои ин саҳифа, мусобиқа аз санаи 10-ум то 19-уми май дар шаҳри Душанбе байни мардон ва бонувон баргузор шудааст.

Дар ин чорабинии варзишӣ шоҳмотбозони ҳамаи дараҷаҳо аз тамоми манотиқи кишвар иштирок варзиданд. Миёни 46 нафар шоҳмотбоз дар байни мардон ҷойи аввалро бо нишондодҳои иловагӣ, бо 7 хол Суҳроб Ҳамдамов ишғол кардааст. Ҷойи дуюм бо 7 хол насиби Алишер Каримов гардидааст. Зинаи сеюмро бо 6,5 хол Иброҳимов Икром ишғол кардааст.

Миёни бонувон бошад, ҷойи аввал бо нишондодҳои иловагӣ насиби Насриддинзода Марворид шудааст. Дар ҷойи дуюм Надежда Антонова ва ҷойи сеюмро бошад Саодат Одинаева ишғол кард.

Ба ҳамаи ҷоизадорон ширкати "Формула Успеха" мукофотҳои пулӣ тақдим кардааст.

Лентаи хабарҳо
0