Медалҳои тиллои Ёсин ва Абдуллоҳ Неъматовҳо дар Юнон

© Страница Мухаммадрозика Нематова в FacebookАбдулло и Ясин Нематовы (слева) на награждении Кубка дзюдо "ILIOUPOLIS" 2015
Абдулло и Ясин Нематовы (слева) на награждении Кубка дзюдо ILIOUPOLIS 2015 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бародарон Абдуллоҳ ва Ёсин Неъматовҳо дар мусобиқаи байналмилалии дзюдо миёни наврасон, ки дар Юнон баргузор шуд, барандаи медалҳои тилло шуданд.

ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Дар мусобиқаи байналмилалии ILIOUPOLIS JUDO CUP 2015, ки дар шаҳри Афина — пойтахти Юнон баргузор шуд, бародарон Абдуллоҳ ва Ёсин Неъматовҳо медалҳои тиллои ин мусобиқаро касб карданд, менависад "Радиои Озодӣ".

Пирӯзии Расул Боқиев дар сабқати дзюдо дар Маскав

Ёсин Неъматов дар ин сабқати байналмилалӣ дар вазни 66 килограмм дар даври аввал ҳарифонаш аз Украина ва Қибрис ва дар даври дувум варзишгари юнониро шикаст дод. Дар даври ниҳоӣ бошад, Ёсин Неъматов намояндаи Исроилро мағлуб кард ва барандаи ин мусобиқа эълон шуд. Абдулло Неъматов дар вазни то 60 килограмм байни наврасони солҳои таваллудашон 2000-2001 ҷои аввал гирифт.

Абдуллоҳ ва Ёсин писарони рӯзноманигор ва соҳибкори тоҷик Муҳаммадрозиқ Неъматов мебошанд, ки аз чанд сол ба ин сӯ дар Имороти Муттаҳидаи Араб кору зиндагӣ мекунад. Онҳо дар он ҷо мактаб мехонанд ва дар ин мусобиқа зери парчами Иморот баромад карданд.

Абдуллоҳ ва Ёсин Неъматовҳо аз ин қабл дар моҳи апрели соли ҷорӣ дар сабқати Копенҳаген миёни паҳлавонони соли таваллудашон 1998-2000 ва баъдан миёни ҳамсолони худ (2001) ду медали нуқра ба даст оварда буданд. Ёсин соҳиби медали биринҷӣ шудааст. Муҳаммадрозиқ Неъматов, падари Ёсин ва Абдуллоҳ мегӯяд, писаронаш аз ин пеш низ дар мусоқибаҳои дзюдо дар Арабистони Саудӣ ва Ҷопону Олмон низ иштирок кардаанд.

Лентаи хабарҳо
0