Расонаҳо: намояндагони Аврупо дар анҷумани ФИФА ҳозир мешаванд

© Freshfocus / Гузариш ба медиабонкФИФА дар Тсюрих. Акс аз бойгонӣ
ФИФА дар Тсюрих. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар чаҳорчӯби анҷумани Созмони байналмиллалии футбол бояд интихоби раиси ФИФА сурат бигирад. Иттиҳоди анҷуманҳои футболи Аврупо тасмим гирифт ин ҳамойишро таҳрим накунад.

ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Иттиҳоди анҷуманҳои футболи Аврупо анҷумани Созмони байналмиллалии футбол (ФИФА), ки дар ҷараёни он бояд интихоботи раиси ин созмон баргузор шавад, таҳрим намекунад, хабар медиҳад РИА Новости.

Дар ин бора хабарнигори Sky Sports Брайан Суонсон дар сафҳаи худ дар Twitter хабар додааст.

"ИАФА анҷумани ФИФАро таҳрим намекунад", — омадааст дар хабари Twitter.

Рӯзи чаҳоршанбе хабар дода шуд, ки дар Тсюрих ба иттиҳоми фасодкорӣ чанд мақоми баландпояи ФИФА, аз ҷумла муъовинони раиси ФИФА Джеффри Уэбб ва Эухенио Фигередо ва ҳамчунин Эдуардо Ли, Хулио Рока, Костас Таккас, Рафаэль Эскивель, Хосе Мария Марин боздошт шуданд. Ба бархе аз дигар мақомоти ин созмон иттиҳомот ироъа шудааст. Дар миёни онҳо раиси собиқи Федератсияи футболи Амрикои Шимолӣ ва Марказӣ ва кишварҳои ҳавзаи Кариб, дар гузашта муъовини раиси ФИФА Ҷек Уорнер ва Николя Леос мебошанд.

Дабири куллии ИАФА Ҷанни Инфантино рӯзи чаҳоршанбе изҳор дошта буд, ки ИАФА ҷонибдори он аст, ки анҷумани ФИФА ва интихоби раиси он бояд ба мӯҳлати дигар гузронида шавад ва ИАФА мавзӯъи таҳрими анҷумани ФИФАро баррасӣ мекунад.

Интихоботи ФИФА бодя дар Тсюрих 29 май баргузор шавад. Раиси феълии ин созмон Йозеф Блаттер қасд дорад барои давраи панҷум раис интихоб шавад ва танҳо рақибаш шоҳзодаи Ӯрдун Алӣ бин Ал-Ҳусейн мебошад.

Лентаи хабарҳо
0