07:30 26 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.72
  • RUB0.15
Варзишкори рус Светлана Школина аснои мусоҳиба. Акс аз бойгонӣ

Таҷлил аз Рӯзи байналмилалии хабарнигорони варзишӣ дар Тоҷикистон

© Sputnik / Александр Вильф
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
5 0 0

Дабири кулли КМО ҶТ ва раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон хабарнигоронеро, ки мавзӯъҳои варзиширо инъикос мекунанд, табрик гуфтанд.

ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Имрӯз шореҳони варзиши Тоҷикистон иди касбиашонро таҷлил менамоянд, хабар медиҳад сомонаи Кумитаи миллии олимпӣ.

"Шумо дар тарғиби тарзи ҳаёти солим саҳми бузург доред. Бе кӯшиши шумо варзиш ва рушди онро тасаввур кардан ғайриимкон аст",- иқтибос меорад манбаъ аз суханони Дабири кулли КМО Баҳрулло Раҷабалиев.

АЖРВТ соли 2005 таъсис ёфта,  дар Конгресси 74-уми АИПС, ки моҳи марти соли 2011 дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ барпо гардид, ба узвияти Ассотсиатсияи байналмилалии матбуоти варзишӣ (АИПС) пазируфта шудааст.

"Аҳдофи аслии АЖРВТ рушди журналистикаи варзишӣ, тарғиби тарбияи ҷисмонӣ, варзиш ва тарзи ҳаёти солим мебошад. Инчунин АЖРВТ ба баландшавии дараҷаи касбии хабарнигорони варзишии ҷумҳурӣ мусоидат мекунад",- мегӯяд раиси АЖРВТ Назрулло Латифов.

Ассотсиатсияи байналмилалии матбуоти варзишӣ (International Sports Press Association, AIPS) ҳамчун ташкилоти байналмилалии касбии журналистон 2 июли соли 1924 дар Париж таъсис ёфтааст. Маҳз ин рӯз ҳамчун иди касбии хабарнигори варзишӣ сар аз соли 1995 таҷлил мешавад. Дар айни ҳол иттиҳодияҳои миллии хабарнигорони варзишии 159 кишвари ҷаҳон, аз он ҷумла Тоҷикистон, аъзои АИПС мебошанд.

Бо ибтикори Ассотсиатсияи байналмилалии матбуоти варзишӣ (АИПС) ҳамасола 2 июл ҳамчун Рӯзи байналмилалии хабарнигори варзишӣ таҷлил мегардад.

Барчаспҳо:
варзиш, таҷлил аз иди касбӣ, рӯзи хабарнигорони варзишӣ, АИПС, Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон, АЖРВТ, КМО ҶТ, Назрулло Латифов, Баҳрулло Раҷабалиев, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ