03:08 21 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.72
  • RUB0.15
Ҳавопаймо. Акс аз бойгонӣ

ВАО: ҳайати Тоҷикистон ба Универсиадаи Кореяи Ҷанубӣ намеравад.

© Sputnik / Максим Блинов
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
5 0 0

Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон сафари варзишкорони кишварро ба Универсидаи Кореяи Ҷанубӣ манъ карда, сабаби онро ба хурӯҷи бемории сирояткунанда дар он кишвар рабт додааст.

ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Ба далели хуруҷи бемории сироятии MERS дар Куриёи Ҷанубӣ аз сафари 67 варзишгари тоҷик барои иштирок дар Универсиадаи тобистона, ки рӯзҳои 3 то 14 июл баргузор мешавад, ҷилавгирӣ шудааст, иттилоъ медиҳад Радиои Озодӣ.

Эмомалӣ Раҳмон дар Куриёи Ҷанубӣ бо ҳамватанон мулоқот кард
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

Ҳукумати Тоҷикистон аз миёни 73 варзишгар сафари 67 нафарро лағв кардааст. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, лағви сафари бархе аз варзишгарон ба хуруҷи бемории "Мерс" дар Кореяи Ҷанубӣ рабт дорад, менависад Озодӣ.

Аммо хабаргузории мустақили Yonhap-и Кореяи Ҷанубӣ рӯзи ҷумъа навишт, ки то шурӯи сафари варзишгарони тоҷик ба Куриёи Ҷанубӣ 6 хориҷӣ бо паспортҳои ҷаълӣ ё қалбакӣ, ки ба номи варзишгарони тоҷик таҳия шудаанд, ошкор шуданд.

Аз ин 6 нафар — 3 нафар дафъатан ихроҷ шуда, ҷои будубоши се нафари дигар маълум нест. Ҷониби Тоҷикистон гуфтааст, ки масъулияти ин ҳодисаро ба дӯш мегирад ва онро мавриди таҳқиқ қарор медиҳад. 

Барчаспҳо:
тақаллубкории варзишкорон, паспортҳои ҷаълӣ ё қалбакӣ, хурӯҷи бемории сироятии MERS, мақомоти Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, Кореяи Ҷанубӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ