09:18 09 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.23
  • EUR11.14
  • RUB0.14
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
4 0 0

Қаҳрамони секаратаи футболи Тоҷикистон дастаи “Истиқлол”-и Душанбе ду бозигарашро, ки дар ҳайати мунтахаби ҷавонон бозӣ мекунанд, ба иҷора дода, ҳимоягари ҷавони тими “ССКА”-и Маскавро аз санҷиш мегузаронад.

ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Дастаи футболи "Истиқлол"-и пойтахт бозигари клуби "ССКА"-и Маскавро ба тамрин даъват карда, аллакай санҷиши ӯро оғоз кард, иттилоъ медиҳад сомонаи бошгоҳ.

"Қаҳрамони секаратаи футболи Тоҷикистон, ки имрӯзҳо омодагиро барои даври дуввуми чемпионати футболи кишвар оғоз кардааст, ҳимоягари ҷавон Муҳаммад Назаровро ба ҳайати худ даъват намудааст",- менависад манбаъ.

Дар ҳамин ҳол, ҳимоягари тими душанбегиҳо Алишер Сафаров ба таври иҷора барои шаш моҳ ба дастаи "Вахш"-и Қӯрғонтеппа мегузарад ва ӯро дар он ҷо бозигари дигари "Истиқлол" Наврӯз Абдул ҳамроҳӣ хоҳад кард. Ҳар дуи онҳо дар ҳайати мунтахаби ҷавонони кишвар (U-19) баромад мекунанд.

Барчаспҳо:
давраи санҷишӣ сар шуд, бозигари футболи дастаи Маскав ба Душанбе омад, дастаи ССКА-и Маскав, тими "Истиқлол", Наврӯз Абдул, Алишер Сафаров, Муҳаммад Назаров, Тоҷикистон, Душанбе

Мавзӯъҳои асосӣ