Капелло бо $16 миллион ҷубронпулӣ аз симматаш барканор шуд

© Sputnik / Александр Вильф / Гузариш ба медиабонкФабио Капелло. Акс аз бойгонӣ
Фабио Капелло. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Иттиҳоди футболи Русия сармураббии тими миллиро аз симматаш барканор карда муваззаф шудааст ба вай барои қатъи қабл аз мӯҳлати қарордод ҷубронпулии чанд миллионӣ пардохт кунад.

ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Қарордоди корӣ миёни сармураббии тими футболи Русия Фабио Капелло ва Иттиҳоди футболи Русия қатъ шуда маблағи ҷубронпулӣ ба ин табаъайи италявӣ ҳудуди 930 миллион рубл хоҳад буд.

"Иттиҳоди футболи Русия ва сармураббии тими миллии Русия Фабио Капелло дар бораи қатъи қарордод бо хоҳиши ҳар ду ҷониб тавофуқ карданд, — хабар медиҳад сомонаи ин созмон. — Иттиҳоди футболи Русия аз Фабио Капаелло барои иҷрои умури анҷомшуда дар симмати сармураббии тим сипосгузор аст ва дар идомаи фаъолияти ҳирфаиаш комёбиҳо мехоҳад".

Зикр шудааст, ки Капелло ба навбаи худ аз Иттиҳоди футболи Русия барои пуштибонӣ, ки дар тӯли солҳои фаъолияташ аз он бархурдор буд ва ҳамзамон ба бозигарон барои фаъолияти муштарак ва ҳаводорон барои пуштибонии тими миллӣ сипосгузор аст.

"Маблағи ҷубронпулӣ ҳудуди 15 миллион евро ($16 млн) ва тибқи қурби расмӣ ба рубл феълан 930 миллион аст", — хабар дод манбаъи "Р-Спорт", ки бо раванди музокирот ошно аст.

Аммо вай нагуфт, ки маблағи ҷубронпулӣ ба мураббиро кӣ пардохт мекунад.

Қаблан тоҷири Русия Алишер Усмонов барои пардохти маоши сармураббии тими миллӣ 700 миллион рубл ихтисос дода буд. Ҳаҷми умумии қарзҳои Иттиҳоди футболи Русия ба гуфтаи раҳбари собиқи ин ниҳод Николай Толстих то моҳи майи соли 2015 1,4 миллиард рубл буд.

Лентаи хабарҳо
0