06:25 20 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.77
  • RUB0.14
Дилшод Назаров. Акс аз бойгонӣ

Дилшод Назаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар ФР ҷои аввалро соҳиб шуд

© AP / Matt Dunham
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
12 0 0

Варзишгари шинохтаи тоҷик дар сабқати байнулмилалии варзиши сабук дар Русия ширкат карда, барандаи мақоми аввал гардид.

ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Гурзандози маъруфи тоҷик, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ТоҷикистонДилшод Назаров дар сабқати байнулмилалӣ ба хотири бародарон Знаменскийҳо дар Русия ба гирифтани ҷои аввал мушарраф гардид, хабар медиҳад сомонаи Кумитаи миллии олимпӣ.

"Назаров дар ин мусобиқа гурзро ба масоифаи 78,29 метр партофт. Ҷои дувум ва севумро дар ин сабқати байнулмилалӣ аз Словения Мартсел Ломнитский бо 77,50 метр ва Сергей Литвинов аз Русия бо 77,00 метр ба даст оварданд",- омадааст дар иттилоъи сарчашма.

Гуфтанист, Дилшод Назаров дар ҳоли ҳозир аз нахустин варзишгарони тоҷик аст, ки ба Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия роҳхат гирифтааст.

Ӯ моҳи майи соли  равон дар мусобиқаи анъанавии ҷаҳонии силсилаи Гран-При "Оstrava golden spike" оид ба гурзандозӣ дар кишвари Чех бо натиҷаи 79,36 метр мақоми дувумро касб кард. Ин натиҷа ба ӯ имкон дод, ки дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон, ки рӯзҳои 22-30 августи соли равон дар Пекин (Чин) баргузор мешавад ва дар Олимпиадаи соли 2016 дар Рио-де-Жанейро (Бразилия) ширкат варзад. Олимпиадаи соли 2016 барои Дилшод Назаров чаҳорумин Бозиҳои олимпӣ хоҳад шуд.

Вай аввалин бор соли 2004 дар Бозиҳои олимпии Афина (Юнон) ширкат кардааст. Ӯ дар Олимпиадаи соли 2008 дар Пекин ҷойи 11-ум ва дар Олимпиадаи соли 2012 дар Лондон ҷойи 10-умро гирифта буд. Дилшод қаҳрамони дукаратаи Осиё (солҳои 2009 ва 2013) мебошад. Ӯ соли 2013 дар чемпионати ҷаҳон дар Маскави Русия панҷум шудааст.

Дилшод Назаров моҳи январи соли 2014 муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон таъин шудааст. Вай, инчунин, раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон мебошад.

Мавзуъ

Дилшод Назаров аввалин роҳхати Олимпиадаи 2016-ро соҳиб шуд
Барчаспҳо:
гурзпартои Тоҷикистон, мақоми якум дар сабқати байналмилалии гурзандозӣ, ҷои аввали варзишгари тоҷик, Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон, Кумитаи варзиш, ҷавонон ва сайёҳӣ, Мартсел Ломнитский, Сергей Литвинов, Дилшод Назаров, Тоҷикистон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ