Марҳилаи дуввуми сабқати футболи Тоҷикистон оғоз шуд

© Sputnik / Александр Вильф / Гузариш ба медиабонкТӯби бозии футбол. Акс аз бойгонӣ
Тӯби бозии футбол. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон панҷ бозии нахустини марҳилаи дуввуми сабқати ҷумҳуриявии футбол баргузор шуд ва дар се бозӣ меҳмонон пирӯзӣ ба даст оварданд.

ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Марҳилаи дуввуми сабқати футболи Тоҷикистон миёни тимҳои лигаи олӣ рӯзи шанбе бо баргузории панҷ бозии даври даҳум оғоз шуд, хабар медиҳад сомонаи ФФТ.

"Дар бозии калидии ин давр? "Далерон"-и Истаравшан таҳти раҳбарии сармуррабии ҷадид Алиёр Ашӯрмамадов дар майдони худ "Равшан"-и Кӯлобро бипазируфт. Ин бозӣ, ки бо ҳамлаҳои тарафайн сурат гирифт, бо пирӯзии меҳмонон бо ҳисоби 4:3 анҷом шуд", — зикр шудааст дар хабар.

"Хуҷанд" дар меҳмонӣ бар тими "Барқи тоҷик"-и пойтахт бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуд. Ба дастаи соҳили Сирдарё зарбаҳои нишонраси Аҳтам Ҳамроқулов, Фарҳод Тоҳиров ва Ҷаҳонгир Эргашев се имтиёз оварданд.

ФФТ корманди тими “Хуҷанд”-ро умрбод аз футбол барканор кард

Пешсафи сабқат "Истиқлол"-и Душанбе бар тими "Вахш" аз Қӯрғонтеппа бо ҳисоби 3:0 бо зарбахои Хуршед Маҳмудов, Манучеҳр Ҷалилов ва Фатҳулло Фатҳуллоев пирӯз шуд.

"Регар-ТадАЗ"-и Турсунзода дар бозӣ бо тими ТССКА "Помир" бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Голи пирӯзиро Комил Саидов дар дақиқаи 43-и бозӣ ба тӯри дарвозаи ҳарифон ворид кард.

Зарбаи Меҳроҷиддин Музаффаров аз тими "Хайр"-и Ваҳдат дар бозӣ алайҳи "Парвоз"-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров се имтиёз овард — 1:0.

Лентаи хабарҳо
0