08:52 27 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.72
  • RUB0.15
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
6 0 0

Раисҷумҳури Тоҷикистон бо имзои як фармон, миқдори мукофотҳои пулии варзишгарони тоҷикро, ки дар мусобиқаҳои байналмилалӣ пирӯз мешаванд, то 300 ҳазор сомонӣ боло бурдааст.

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Президент Эмомалӣ Раҳмон барои ғолибони мусобиқоти байналмилалӣ ба варзишарони тоҷик то 300 ҳазор сомонӣ ҷоиза муқаррар кард, менависад сомонаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ.

Бино ба иттилои дафтари матбуотии Кумитаи мазкур, ҷоизаи президент барои онҳое, ки се ҷои авваро мегиранд, пешбинӣ мешаванд.

"Аз ин ба баъд ғолибони мусобиқаҳои байналмилалӣ дар баробари гирифтани медалҳои тило, нуқра ва биринҷӣ бо маблағҳои пулӣ низ аз ҷониби президент қадр мешаванд", — навиштааст сомона.

Ғолибони мусобиқаҳои байналмилалие, ки барандаи ҷои аввал мегарданд, бо 300 ҳазор сомонӣ, барандаҳои медали нуқра 200 ҳазор ва варзишгарони мақоми сеюм ва бо медалҳои биринҷӣ сарфароз мегарданд, ба маблағи 150 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби Фонди президент ҷоиза мегиранд.

Фармони раисҷумҳури Тоҷикистон "Дар бораи Ҷоизаи президенти Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ" 9-уми январи соли ҷорӣ ба хотири баланд бардоштани сатҳи иштироки варзишгарон ва ташвиқу тағиби ҳаёти солим дар ҷомеа ба тавсиб расида буд, омадааст дар сомонаи кумитаи ҷавонон.

Барчаспҳо:
300 ҳазор сомонӣ, пирӯзӣ, ҷоиза, мусобиқаҳои варзишӣ, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ