16:38 14 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.67
  • RUB0.15
Дилшод Назаров. Акс аз бойгонӣ

Мақоми аввали Назаров дар сабқати осиёӣ дар Чин

© Sputnik Амир Исаев
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
11 0 0

Ин натиҷа ба варзишгари тоҷик имкон медиҳад, ки дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон, ки рӯзҳои 22-30 августи соли равон дар Пекин (Чин) баргузор мешавад ва дар Олимпиадаи соли 2016 дар Рио-де-Жанейро (Бразилия) ширкат варзад.

ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Гурзандози маъруф ва муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон Дилшод Назаров дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё, ки дар Чин ҷараён дорад, мақоми аввалро соҳиб гардид, иттилоъ медиҳад Радиои Озодӣ.

"Назаров дар мусобиқаи гурзандозӣ дар шаҳри Ухани Чин бо натиҷаи 77 метру 88 сантиметр мақоми аввалро касб кард ва бо медали тилло сарфароз шуд. Ӯ барои севвумин бор аст, ки ба унвони қаҳрамони Осиё мушарраф мешавад",- омадаст дар хабари сарчашма.

Дилшод Назаров аз байни варзишгарони тоҷик аввалин шуда соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия гардидааст. Вай дар мусобиқаи анъанавии ҷаҳонии силсилаи Гран-При "Оstrava golden spike" оид ба гурзандозӣ дар Ҷумҳурии Чех бо натиҷаи 79,36 метр мақоми дувумро касб кард.

Ин натиҷа ба варзишгари тоҷик имкон медиҳад, ки дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон, ки рӯзҳои 22-30 августи соли равон дар Пекин (Чин) баргузор мешавад ва дар Олимпиадаи соли 2016 дар Рио-де-Жанейро (Бразилия) ширкат варзад.

Маврид ба тазаккур аст, ки Олимпиадаи соли 2016 барои Дилшод Назаров чаҳорумин Бозиҳои олимпӣ хоҳад шуд. Вай аввалин бор соли 2004 дар Бозиҳои олимпии Афина (Юнон) ширкат кардааст. Ӯ дар Олимпиадаи соли 2008 дар Пекин ҷойи 11-ум ва дар Олимпиадаи соли 2012 дар Лондон ҷойи 10-умро гирифта буд.

Барчаспҳо:
мақоми якум дар сабқати байналмилалии гурзандозӣ, се маротиба чемпиони Осиё гардидани гурзандози тоҷик, Назаров боз қаҳрамони Осиё шуд, Олимпиада-2016, мусобиқаи Қаҳрамонии Осиё, Дилшод Назаров, Юнон, Афина, Чехия, Тоҷикистон, Бразилия, Пекин, Ухан, Чин

Мавзӯъҳои асосӣ