16:03 23 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.55
  • RUB0.15
Тими мунтахабаи футзали Тоҷикистон дар Кувайт бозиҳои санҷишӣ доир кард. Акс аз бойгонӣ

Сабқати интихобии футзали Осиё-2016 дар Хуҷанд баргузор мешавад

© Официальный сайт ФФТ
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
6 0 0

Тоҷикистон макони баргузории сабқати интихобии қаҳрамонии футзали Осиё-2016 дар Осиёи Марказӣ тасдиқ шуд.

ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) шаҳри Хуҷанди Тоҷикистонро макони баргузории сабқати интихобии қаҳрамонии футзали Осиё-2016 дар Осиёи Марказӣ тасдиқ кард, иттилоъ медиҳад сомонаи ФФТ.

"Сабқати интихобӣ аз 14 то 16 ноябри соли равон дар маҷмааи нави «Қасри варзиш»-и Хуҷанд, ки ғунҷоишаш 2670 тамошогар аст, баргузор хоҳад шуд",- омадааст дар хабари манбаъ.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2016 дар минтақаи Осиёи Марказӣ чаҳор дастаи мунтахаб — Тоҷикистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Афғонистон — ширкат меварзад. Аз ин минтақа ду дастаи беҳтарин ба қисми ниҳоии мусобиқаи қитъавӣ, ки аз 10 то 21 феврали соли оянда дар пойтахти Ӯзбакистон — Тошканд — барпо мегардад, роҳ меёбад.

Тими мунтахаби футзали Тоҷикистон, ки дар Имороти Муттаҳидаи Араб ва Кувайт таҳти раҳбарии сармураббӣ Шодӣ Ҳусейнов ба даври интихобии қаҳрамонии Осиё-2016 тӯли ду ҳафта омодагӣ дид, 17 август ба Душанбе баргашт.

Дастаи яккачини Тоҷикистон дар ҷараёни ҷамъомади таълимиву тамринии даста дар Дубай ва Эл-Кувайт панҷ бозии санҷишӣ анҷом дод. Футболбозони тоҷик дар як бозӣ бар тими миллии Кувайт бо ҳисоби 5:2 ғолиб омада, дар сетоаш аз мунтахаби Имороти Муттаҳидаи Араб (ИМА) бо ҳисоби 3:5, «Ал-Қодсия»-и Кувайт бо ҳисоби 4:6 ва мунтахаби Кувайт бо ҳисоби 1:3 мағлуб шуданд ва як бозиро бо мунтахаби ИМА бо ҳисоби мусовии 3:3 ба анҷом расонданд.

 

Барчаспҳо:
давраи интихобӣ, бозиҳои футзал, сабқати футзал дар Хуҷанд, сабқати футзали Осиё-2016, ФФТ, Шодӣ Ҳусейнов, Хуҷанд, Тошканд, Ӯзбакистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ