07:30 24 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.72
  • RUB0.15
Бинои Кумитаи миллии олимпии ҶТ. Акс аз бойгонӣ

Эътои ҷоизаҳо дар КМО ба ситораҳои варзиши Тоҷикистон

© Sputnik Амир Исаев
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
18 0 0

Ба Дилшод Назаров барои гирифтани роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2016 ҷоизапулӣ ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ тақдим гардида, Мавзуна Чориева ва Шоира Зулқарнаева бо ҷоизаҳои молии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистонро сарфароз шуданд.

ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Имрӯз дар маҷлисгоҳи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон маросими супурдани ҷоизаҳои молӣ ба ситораҳои варзиши тоҷик Дилшод Назаров, Мавзуна Чориева ва ба варзишгари ҷавон Шоира Зулқарнаева баргузор шуд, омадааст дар хабари сомонаи КМО ҶТ.

Нахуст Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, варзишгари машҳур Дилшод Назаровро бо дастоварди бузургаш дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон табрик кард.

"Дилшод Назаров 23 августи соли ҷорӣ дар чемпионати ҷаҳон дар гурзандозӣ миёни мардон дар Пекин бо натиҷаи 78 метру 55 сантиметр ҷои дувумро соҳиб шуд ва бо медали нуқра сарфароз гашт. Ӯ барои аввалин бор дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон ба чунин комёбӣ мушарраф шуда, соҳиби медал гардидааст. Тайи 20 сол, яъне баъди пирӯзии гурзандози машҳури тоҷик Андрей Абдувалиев дар чемпионати ҷаҳон соли 1995 дар Гётеборги Шветсия, дар риштаи варзиши сабук касе аз Тоҷикистон дар сабқати ҷаҳонӣ медал нагирифта буд",-афзуд ӯ.

Дар ҳоли ҳозир Дилшод Назаров аз нахустин варзишгарони Тоҷикистон аст, ки ба Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия роҳхат гирифтааст.

Манбаъ менависад, дар ин чорабинӣ қайд гардид, ки муштзанҳои тоҷик Мавзуна Чориева ва Шоира Зулқарнаева рӯзи 12 августи соли равон дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба бокс миёни занон, ки дар шаҳри Уланчаби Чин баргузор шуд, бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд. Бояд тазаккур дод, Шоира барои аввалин бор бо медали сабқати қитъавӣ мукофотонида шуд. Зимнан, ин мусобиқаи қитъавӣ барои муштзанҳои Осиё як навъ имтиҳоне буд пеш аз мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон, ки моҳи феврали соли 2016 дар шаҳри Алма-атои Қазоқистон баргузор мешавад.

Варзишгарон Мавзуна Чориева ва Шоира Зулқарнава, ки аз ин имтиҳон бомуваффақият гузаштанд, ба ҳаққи ширкат дар чемпионати ҷаҳон мушарраф шуданд ва минбаъд барои дарёфти роҳхат ба Олимпиадаи соли 2016 мубориза мебаранд.

Дар ин маросим Акбар Ғуломов, раиси Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди "Ғаюр" — сарпарасти кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон — ба Дилшод Назаров барои гирифтани роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2016 ҷоизапулӣ ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ тақдим кард. Баҳрулло Раҷабалиев ба Мавзуна Чориева ва Шоира Зулқарнаева ҷоизаҳои молии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистонро супурд.

Барчаспҳо:
ситораҳои варзиши тоҷик ҷоиза гирифтанд, ҷоизаҳо ба варзишгарон, олимпиада, КМО ҶТ, Кумитаи миллии олимпӣ, Шоира Зулқарнаева, Мавзуна Чориева, Баҳрулло Раҷабалиев, Дилшод Назаров, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ

  • Озода Раҳмон, роҳбари дастгоҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

    Палатаи болоии парлумони Тоҷикистон хабар дод, ки Озода Раҳмон, раиси Кумитаи Маҷлиси миллӣ дар бахши таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният бо пешниҳоди Шӯрои Маҷлиси мазкур, мақоми ҷадид гирифтааст

    3722
  • Мулоқоти раисҷумҳури Русия Владимир Путин бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

    Раисҷумҳури Русия унвонии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон даъватнома барои иштирок дар 75 - умин солгарди ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ирсол намудаст.

    1076
  • Мошини БДА

    Додгоҳи ноҳияи Шаҳринав кашмакаши як ронандаи солхӯрда бо нозири роҳро, ки навори он ба интернет роҳ ёфта буд, баррасӣ карда, ронандаро ба андозаи беш аз 38 ҳазор сомонӣ ҷарима баст

    964