17:59 08 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.23
  • EUR11.16
  • RUB0.14
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
810

Ду дастаи пойтахт ба бозии ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон роҳ ёфтанд. Рақибони онҳо футболбозон аз шаҳрҳои Кӯлобу Турсунзода мебошанд.

ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Менеҷери Лигаи миллии футболи Тоҷикистон Алишер Ӯрунов санаҳои баргузории бозии ниманиҳоии Ҷоми кишварро эълон кард, навиштааст сомонаи ФФТ.

"Вохурии аввали дастаи ССКА "Помир"-и пойтахт ва "Регар-ТадАЗ"-и шаҳри Турсунзода рӯзи 20 сентябр дар шаҳри Душанбе ва бозии ҷавобии онҳо 1 октябри соли равон дар майдони "Металлург"-и Турсунзода баргузор хоҳад шуд",- афзудааст манбаъ.

Бозиҳои ҷуфти дуюм, "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе ва "Равшан"-и шаҳри Кулоб рӯзҳои 22 ва 25 сентябр баргузор шуда, бози аввал дар майдони марказии пойтахт ва дуюмӣ дар Кӯлоб сурат мепазиранд.

Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол аз соли 1992 то ҳол баргузор мешавад, ки дар ин миён танҳо ду бор, солҳои 1996 ва 2000 барпо нашуд. Панҷ дафъа ин ҷом насиби дастаи "Регар-ТадАЗ" шуда, тими "Истиқлол"-и Душанбе ҳам тавонистааст, онро чаҳор бор ба даст орад.

 

Барчаспҳо:
финал, бозиҳои ниҳоӣ, футбол, Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол, ФФТ, Алишер Ӯрунов, Турсунзода, Кӯлоб, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ