23:58 21 феврали 2018
Пахши мустақим
Бозигарони дастаи Истиқлол. Акс аз бойгонӣ

Бозии “Истиқлол” ва “Кувайт”-ро доварони Эрон доварӣ мекунанд

© Официальный сайт ФФТ
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
3 0 0

Бозии аввали ниманиҳоии Ҷоми AFC-2015 байни дастаҳои “Истиқлол”-и Тоҷикистон ва “Кувайт”-и Кувайтро ҳакамон аз Эрон доварӣ мекунанд.

ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Доварони бозии аввали ниманиҳоии Ҷоми AFC-2015 байни дастаҳои "Истиқлол"-и Тоҷикистон ва "Кувайт"-и Кувайт, ки 30 сентябр дар шаҳри Эл-Кувайт баргузор мешавад, аз Эрон мебошанд, хабар медиҳад сомонаи ФФТ.

Довари ФИФА Мӯҳсин Туркии 41-сола сардовари ин бозӣ таъин шудааст. Муҳаммадризо Абулфазлӣ ва Саид Алинезҳадиён ба ҳайси доварони марзи майдон хидмат хоҳанд кард.

Бунёдифардо Мовда вазифаи довари эҳтиётиро бар дӯш дорад. Салим Саид бин Хазим Ал-Сувайдӣ аз Имороти Муттаҳидаи Араб нозири доварон ва Бенҷамин Тан аз Сингапур комиссари ин бозӣ таъин шудаанд.

Бозии аввали ниманиҳоии Ҷоми AFC-2015 байни дастаҳои "Истиқлол" ва "Кувайт" 30 сентябр дар Эл-Кувайт соати 19:20 ба вақти маҳаллӣ (21:20 — ба вақти Душанбе) шурӯъ мешавад. Бозии ҷавобӣ 21 октябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 17:00 оғоз хоҳад ёфт.

Барчаспҳо:
майдон, футбол, эрониҳо, доварӣ, бозӣ, "Кувайт", "Истиқлол", Кувайт

Мавзӯъҳои асосӣ