09:31 23 июни 2018
Пахши мустақим
  • USD9.13
  • EUR10.63
  • RUB0.14
Фарҳод Муминов дар куҳи Казбек

Фарҳод Муминов парчами Тоҷикистонро болои Казбек барафрохт

Предоставлено Фархадом Муминовым
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
26 0 0

Куҳнаварди фаъоли тоҷик парчами Тоҷикистонро болои куҳи Казбек, яке аз куҳҳои Гурҷистон барафрохтааст. Ӯ мегӯяд, тамоми хазинаи хароҷоти ин экспедитсия аз ҳисоби худаш мебошад.

ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Куҳнаварди машҳури тоҷик Фарҳод Муминов парчами Тоҷикистонро болои баландтарин куҳи Қафқоз Казбек барафрохтааст, гуфт худи ӯ дар суҳбат бо Sputnik.

Ҳангоми ин экспедитсия гуруҳи Муминов аввалин шуда ба қулла баромадааст.

"Ман дирӯз аз куҳ поин омадам. Ҳоло дар Тифлис мебошам. Ин яке аз куҳнавардиҳои хеле душвор дар ҳаёти ман буд. Гуруҳи мо аввалин шуда ба болои куҳ баромад. Онҷо монеа ва сурохҳои зиёде буд, ки роҳи моро ниҳоят душвору хатарнок гардонид", — афзуд ӯ.

Ин бори сеюм аст, куҳнаварди тоҷик парчами Тоҷикистонро болои куҳи Казбек баланд мебардорад. Ӯ ду бор ба ин қулла аз тарафи Русия баромада буд.

"Барои ман баромадан аз тарафи Гурҷистон шавқовар буд ва аз фурсат истифода кардам. Далели дуюми омадани ман ба инҷо омӯзиши соҳаи туризми Гурҷистон аст", — мегӯяд Муминов.

Фарҳод Муминов яке аз куҳнавардони машҳури тоҷик аст, ки давоми 4 соли ахир парчами Тоҷикистонро дар беш аз 10 қуллаи ҷаҳон, аз ҷумла қуллаи баландтарини Аврупо бо номи Элбрус, ки баландияш 5 ҳазору 642 метр аст ва ҳамчунин ба яке аз қуллаҳои баландтарин дар ҷаҳон, қуллаи Ленин, ки ҳоло номи Абуалӣ Синоро гирифта 7 ҳазору 134 метр баландӣ дорад, барафрохтааст.

Муминов экпедитсияи ахирро аз ҳисоби маблағҳои худ анҷом додааст, ки дар шаҳри Элбрус кор карда буд.

Барчаспҳо:
парчам, куҳнавард, варзишгар, Қафқоз, Гурҷистон, Тоҷикистон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ