Тошканд талош дорад Гранд Слэми дзюдоро баргузор кунад

© AP / Alexey FilippovМусобиқаи ҷаҳонии дзюдо дар Қазоқистон 26 августи соли 2015
Мусобиқаи ҷаҳонии дзюдо дар Қазоқистон 26 августи соли 2015 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тошканд ҳаққи баргузории мусобиқаи байналмилалии Гран-прии дзюдоро ба даст овард ва мақомоти Узбакистон тасмим доранд, соли 2017 ҳаққи баргузории яке аз мусобиқаҳои байналмилалии Гранд Слэмро ҳам соҳиб шаванд.

ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Узбакистон ният дорад, соли 2017 барои баргузории яке аз мусобиқаҳои Гранд Слэми дзюдо номзадии худро пешниҳод кунад, гуфт раиси Федератсияи дзюдои Узбакистон Армен Багдасаров дар суҳбат бо Sputnik.

Субҳи 1 октябр дар шаҳри Тошканд барои бори сеюм дар таърихи Узбакистон муосбиқаи байналмилалии Гран-прии дзюдо оғоз гардид ва ин гуна мусобиқаҳо қарор аст, дар пойтахти ин кишвар то соли 2016 идома ёбад.

Ба гуфтаи Багдасаров, Узбакистон ҳам аз нигоҳи баргузоркунии мусобиқаҳои байналмилалӣ ва омода кардани варзишгарон ба сатҳе расидааст, ки даъвои баргузории яке аз мусобиқаҳои байналмилалии Гранд Слэмро дар соли 2017 кунад.

Аммо раиси Федератсияи дзюдои Узбакистон иқрор кард, ки кишвараш ҳанӯз омода нест, барои баргузории мусобиқаи ҷаҳонии ин навъи варзиш номзадияшро пешниҳод кунад.

Ӯ гуфт, ҳанӯз баъзе аз камбудҳо, аз қабили набуди толор вуҷуд дорад, ки монеи пешбарии номзадии Узбакистон барои баргузор кардани мусобиқаҳои дар сатҳи ҷаҳонӣ мешавад.

Тибқи анъана ҳамасола чаҳор мусобиқаи байналмилалии навъи Гранд Слэми дзюдо баргузор мешавад. Албатта баъзан дар шумори мусобиқаҳо ҳам тағйирот сурат хоҳад гирифт. Барои мисол дар ҷадвали имсола теъдоди онҳо 5 то нишон дода шудааст. Ин навъи мусобиҷаҳо одатан дар пойтахти кишварҳое баргузор карда мешавад, ки дар онҳо ин навъи варзиш рушд кардааст.

 

Лентаи хабарҳо
0