18:39 20 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.80
  • RUB0.15
Бозии Ироқ ва Баҳрайн дар гурӯҳи F. 6 октябри соли 2015

Тоҷикистон Молдивро бо ҳисоби бузурги 8:0 шикаст дод

Федерация футбола Таджикистана
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
11 0 0

Тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон аз ин пеш бо дастаи Ироқ бозиро бо ҳисоби 0:2 бохта, Баҳрайнро бо ҳисоби 3:2 шикаст дода буд.

Душанбе, 7 окт — Sputnik. Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-19) ба даври ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2016 роҳхат гирифт, хабар медиҳад сомонаи ФФТ.

Ба иттилоъи манбаъ, тими яккачини ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-19) дар даври севвум ва охирини сабқати интихобии қаҳрамонии футболи Осиё-2016 байни ҷавонони синашон зери 19-сола дар гурӯҳи «F» тими Молдивро бо ҳисоби бузурги 8:0 шикаст дода, ҳаққи ширкат дар финалро соҳиб гардиданд.

Ин бозӣ шоми рӯзи гузашта бо ширкати беш аз 4 ҳазор мухлис дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе сурат пазируфт.

Қисми аввали бозӣ бо бартарии футболбозони ҷавони тоҷик ва бо ҳисоби 2:0 ба нафъи мунтахаби Тоҷикистон ба анҷом расид. Голҳоро Эҳсони Панҷшанбе дар дақиқаи 25-ум ва Саид Иброҳим дар дақиқаи 33-юм ба нишон  расонданд. Шаш голи дигарро Алишери Ҳотам (се гол дар дақиқаҳои 49, 68 ва 79), Эҳсони Панҷшанбе (58), Нуриддин Ҳамроқулов (61) ва Суннатулло Холов (87) ба ҳадаф расониданд.

Ҳайати мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар бозӣ муқобили дастаи Молдив чунин буд: Беҳрӯз Хайриев, Табрези Давлатмир, Қувватбек Равшанбеков, Алишер Сафаров (капитани даста), Кароматулло Саидов, Худойдод Узоқов (Муҳаммадҷони Ҳасан, 31), Алишери Ҳотам,Эҳсони Панҷшанбе, Мунир Давлатбеков, Нуриддин Ҳамроқулов (Саидҷон Шарифов, 82), Амирҷон Сафаров (Суннатулло Холов, 74).

Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии ҳамаи шаш бозии сабқати интихобии қаҳрамонии футболи Осиё-2016 дар гурӯҳи «F» мунтахаби Ироқ бо 9 имтиёз мақоми аввалро касб кард. Ироқиҳо ба қисми ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2016 роҳ ёфтанд. Мунтахаби Тоҷикистон бо 6 имтиёз дувум шуд ва аз рӯи нишондодҳои беҳтаринаш дар байни дастаҳои ҷойҳои дувумро ишғолкарда ба ҳаққи ширкат дар қисми ниҳоӣ, ки соли 2016 дар Баҳрайн баргузор мешавад, мушарраф гашт.

Тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон аз ин пеш бо дастаи Ироқ бозиро бо ҳисоби 0:2 бохта, Баҳрайнро бо ҳисоби 3:2 шикаст дода буд.

Барчаспҳо:
ғалабаи футболбозони ҷавони тоҷик, пирӯзӣ бо ҳисоби бузург, футбол, роҳхати Тоҷикистон ба даври ниҳоӣ, даври интихобии қаҳрамонии Осиё-2016, Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-19), Эҳсони Панҷшанбе, Алишери Ҳотам, Нуриддин Ҳамроқулов, Суннатулло Холов, Ироқ, Баҳрайн, Молдив, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ