05:18 14 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.82
  • RUB0.15
Бозӣ миёни тимҳои мунтахаби футболи Тоҷикистону Қирғизистон. 8 октябри соли 2015

Вақти иловагӣ дастаи футболи Тоҷикистонро аз пирӯзӣ маҳрум кард

© Sputnik / Табылды Кадырбеков
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
13 0 0

Бозӣ тезутунд ва бо бартарии комили футболбозони тоҷик гузашт, шореҳони телевизиони Қирғиз аз бозии тими мунтахаби футболи тоҷик таъриф карда, онро беҳтарин дастаи футболи минтақа унвон карданд.

Душанбе, 9 окт — Sputnik. Шоми гузашта дар варзишгоҳи ба номи Умурзоқови шаҳри Бишкек бозии интихобии Ҷоми Ҷаҳон оид ба футбол-2018 (Осиё) дар гурӯҳи "Б" миёни дастаҳои мунтахаби Қирғизистон ва Тоҷикистон баргузор шуда, бо натиҷаи 2:2 ба охир расид.

Дар қисми дуввуми бозӣ футболбозони тоҷик бозии беҳтар нишон доданд, ҳарчанд тӯби нахустинро бозигари тими Қирғизистон Бахтиёр Дуйшобеков дар дақиқаи 7 вориди дарвозаи Тоҷикистон кард.

Пас аз танаффус, футболбозони тоҷик ба дарвозаи соҳибони майдон ду гол заданд. Ҳамин тавр, дар дақиқаи 71-уми бозӣ ҳисоб 2:1 ба нафъи мунтахаби Тоҷикистон буд. Тӯбҳоро Ҷаҳонгир Ҷалилов (дақиқаи 65) ва Фарҳод Восиев (дақиқаи 71 аз пеналтӣ) ба нишон расониданд.

Аммо бо иловаи вақти иловагӣ ва дар дақиқаи 98-уми бозӣ Антон Земленухин, ҳамлагари қирғиз бо задани зарбаи ҷаримавии ёздаҳметра бозиро мусовӣ кард.

Бозӣ тезутунд ва бо бартарии комили футболбозони тоҷик гузашт, шореҳони телевизиони Қирғиз аз бозии тими мунтахаби футболи тоҷик таъриф карда, онро беҳтарин дастаи футболи минтақа унвон карданд.

Дастаи миллии футболи Урдун дар майдони худ аз болои дастаи Австралия бо ҳисбои 2 бар 0 пирӯз шуд ва бо 10 хол ба ҷойи аввали гурӯҳи "В" баромад. Дастаи Австралия бо 9 хол дар зинаи дуввум аст. Қирғизҳо баъд аз мусовӣ бо дастаи Тоҷикистон бо 5 хол дар зинаи сеюм ва тими Тоҷикистон акнун ду хол дорад ва дар мавқеъи чаҳоруми ҷадвал аст. Бангладеш бо 1 хол дар охири ҷадвал ҷой гирифтааст.

Бозии навбатии дастаи футболи Тоҷикистон рӯзи 13 октябр бо тими Урдун баргузор мешавад.   

Барчаспҳо:
вақти иловагӣ ва дақиқаи 98, футбол, мусовии тимҳои футболи тоҷику қирғиз, Ҷоми ҷаҳон-2018, дастаи мунтахаби Қирғизистон, тими мунтахаби футболи Тоҷикистон, варзишгоҳи ба номи Умурзоқови шаҳри Бишкек, Фарҳод Восиев, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Бишкек, Душанбе, Қирғизистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ