16:02 23 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.55
  • RUB0.15
Сабқати дзюдо. Акс аз бойгонӣ

Дзюдо: медали тиллои Фаррухи Салим дар Тайланд

© Sputnik Александр Поляков
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
21 0 0

Варзишгари тоҷик дар сабқати қаҳрамонии дзюдои Осиё байни ҷавонон дар Тайланд медали тилло ба даст овард.

ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Дар сабқати қаҳрамонии дзюдои Осиё байни ҷавонон дар Тайланд паҳлавони тоҷик Фаррухи Салим дар вазни то 90 кило баромад карда, медали тилло ба даст овард, иттилоъ доданд аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

Ба қавли манбаъ, Фаррухи Салим дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба дзюдо байни ҷавонон (Junior Asian Judo Championships 2015), ки рӯзҳои 11- 12 октябр дар Бангкоки Тайланд, баргузор шуд, соҳиби медали тилло гардид.

"Ӯ дар рақобатҳо дар вазни то 90 кило баъди ду ғалаба дар марҳилаҳои аввал бар Сунглим Чой (Кореяи Ҷанубӣ) ва Темирлан Колбай (Қазоқистон) ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт.

Фаррухи Салим дар нимфинал бар Азамат Бектурсунов (Қирғизистон) пирӯз шуда, сипас дар қувваозмоии ниҳоӣ Ботир Хоҷамуҳаммадови туркманро шикаст дод ва барандаи ҷойи аввалу медали тилло гардид.

Варзишгари дигари тоҷик Акмал Муродов дар рақобатҳо дар вазни то 81 кило дар даври аввал бар Кейсей Накано (Филиппин), сипас бар Имон Некиқбол (Эрон) ғолиб шуд, вале дар даврҳои баъдӣ пайиҳам шикаст хӯрда, мақоми панҷумро соҳиб шуд.

Дар  мусобиқаи қаҳрамонии дзюдои Осиё байни ҷавонон дар Тайланд дар маҷмӯъ 168 варзишгар (98 писар ва 70 духтар) аз 23 кишвари дунё иштирок дошт.

Мавзуъ

Паҳлавони тоҷик дар қаҳрамонии ҷаҳон оид ба дзюдо медал нагирифтанд
Барчаспҳо:
сабқати ҷавонон, пирӯзии Фаррухи Салим, гуштигири ҷавони тоҷик, дзюдо, медали тиллои варзишгари тоҷик, КМО ҶТ, Junior Asian Judo Championships 2015, сабқати қаҳрамонии дзюдои Осиё байни ҷавонон, Акмал Муродов, Ботир Хоҷамуҳаммадов, Сунглим Чой, Фаррухи Салим, Бангкок, Тайланд

Мавзӯъҳои асосӣ