00:59 18 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Тми футболи Истиқлол. Акс аз бойгонӣ.

ФФТ: “Истиқлол” пеш аз муҳлат ба финали Ҷоми КФО-2015 роҳ ёфт

© Официальный сайт ФК "Истиклол"
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
15 0 0

Сабаби аслии маҳрум шудани дастаҳои футболи Кувайт аз ҳаққи иштирок дар бозиҳои байналмилалӣ дахолати мақомоти ин кишвар ба умури ниҳодҳои варзишии худ мебошад.

ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Тими футболи "Истиқлол"-и Тоҷикистон дар пайи барканории Ассотсиатсия футболи Кувайт аз ҳамаи мусобиқаҳои байналмилалӣ пеш аз мӯҳлат ба финали Ҷоми КФО-2015 роҳ ёфт, хабар медиҳад, дафтари матбуоти Федератсияи футболи кишвар.

"Дисквалификатсия он вақт аз ин кишвар бардошта мешавад, ки ассотсиатсия ва клубҳо фаъолияти худро мустақилона ба роҳ монанд", — гуфта мешавад, дар изҳороти ФИФА.

Дар натиҷаи ин маҳрумшавӣ дастаҳои мунтахаби футболи Кувайт ва клубҳои футболи ин кишвар аз ин ба баъд наметавонанд, дар мусобиқаҳои зери мушоияти ФИФА ва КФО иштирок кунанд.

Вохӯриҳои ҷавобии нимфинали Ҷоми КФО, ки бояд миёни  "Ал-Қадсия" бо "Ҷохор Дорул Такзим"-и Молайзия ва "Кувайт" бо "Истиқлол"-и Тоҷикистон 20-21 октябр баргузор мешуд, манъ карда шуданд.

Маблағи ҷоизаи Ҷоми КФО 600 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Ба дастаи ғолиб 350 ҳазор доллар ва ба дастаи ба даври ниҳоӣ роҳ ёфта 250 ҳазор доллар супорида мешавад.

Бозии даври ниҳоии Ҷоми Кфо-2015 миёни дастаи "Истиқлол"-и Тоҷикистон ва "Ҷохор Дорул Такзим"-и Молайзия 31 октябр дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд.

Барчаспҳо:
"Истиқлол", футбол, даври ниҳоӣ, ҷоиза, ФФТ, ФИФА, Молайзия, Кувайт, Тоҷикистон, Душанбе

Мавзӯъҳои асосӣ