01:50 07 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.22
  • EUR11.02
  • RUB0.13
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
13 0 0

Бозии ниҳоии Ҷоми AFC-2015 байни дастаҳои“Истиқлол”-и Тоҷикистон ва «Ҷоҳор Дарул Такзим»-и Малайзияро ҳайати доварон аз Ҷопон ҳакамӣ хоҳанд кард.

ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Бозии ниҳоии Ҷоми AFC-2015 байни дастаҳои "Истиқлол"-и Тоҷикистон ва «Ҷоҳор Дарул Такзим»-и Малайзияро, ки рӯзи 31 октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мегардад, доварон аз Ҷопон доварӣ мекунанд, иттилоъ медиҳад Федератсияи футболи кишвар.

Ба қавли манбаъ, довари ФИФА Точо Миноруи 39-сола сардовари ин бозӣ таъин шуда, ёварони довари ФИФА — Наги Тошиюкии 44-сола ва Очи Синдзии 40-сола ба ҳайси доварони хати майдон хидмат хоҳанд кард. Довари ФИФА Ииду Юмпеи 34-сола вазифаи довари эҳтиётиро бар дӯш дорад. Хонӣ Толиб Сафар аз Қатар нозири доварон ва Йен Мун Чун аз Гонконг комиссари ин бозӣ таъин шудаанд.

Бояд тазаккур дод, ки маблағи ҷоизаи Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)- 600 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Ба дастаи ғолиб 350 ҳазор доллар ва ба тими дар бозии ниҳои шикастхӯрда 250 ҳазор доллар супурда мешавад.

Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) рӯзи 16 октябр Ассотсиатсияи футболи Кувайтро аз ҳамаи мусобиқоти байналмилалӣ хориҷ кардааст. Сабаби хориҷ шудани ин созмон дахолати ҳукумати Кувайт ба корҳои ташкилоти варзишӣ мебошад. Ба сабаби хориҷ шудани дастаҳои миллии Кувайт, тимҳои футболи он наметавонанд дар мусобиқоте, ки таҳти сарпарастии Федератсияи байналмилалии футбол ва Конфедератсияи футболи Осиё доир мешаванд, ширкат варзанд.

Ҳамин тавр, бозиҳои ҷавобии ниманиҳоии Ҷоми AFC-2015, ки дар онҳо бояд рӯзҳои 20-21 октябр дастаҳои «Ҷоҳор Дарул Такзим» (Малайзия) — «Ал-Қодсия» (Кувайт) ва «Истиқлол» (Тоҷикистон) — КВ «Кувайт» (Кувайт) рақобат кунанд, лағв шуданд.

Зимнан, дастаи қаҳрамони секаратаи Тоҷикистон — «Истиқлол»- и Душанбе ва «Ҷоҳор Дарул Такзим» пешакӣ ба бозии ниҳоии Ҷоми AFC роҳ ёфтанд.

Ин бозии ҳалкунанда рӯзи 31 октябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад.

Барчаспҳо:
бозии ниҳоии Ҷоми Осиё, футбол, КВ «Кувайт» (Кувайт), тими "Истиқлол", Ҷоми AFC-2015, ФИФА, ФФТ, Малайзия, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ