02:19 17 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.69
  • RUB0.15
Паҳлавони тоҷик- барандаи Ҷоми президенти Тоҷикистон оид ба дзюдо

Дар Абӯзабӣ аз шарафи Тоҷикистон 10 куштигир ҳимоя мекунад

© Sputnik
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
11 0 0

Аз 23 то 27 октябри соли равон дар пойтахти Аморати Муттаҳидаи Араб – Абӯзабӣ мусобиқаи ҷаҳонии дзюдо миёни наврасон баргузор мешавад. Тоҷикистонро дар ин мусобиҷаи ҷаҳонӣ 10 варзишкор намояндагӣ хоҳад кард, ки аз рӯи шаш дараҷаи вазн рақобат мекунанд.

ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Беҳтарин куштигирони ҷаҳон, аз ҷумла аз Тоҷикистон ҳам барои 16 маҷмӯи медалҳо, 8 — мардон ва 8 — занон дар сабқати инфиродӣ ва барои ду маҷмӯъ дар сабқати дастаӣ дар мусобиқаи шаҳри Абӯзабӣ мубориза мебаранд, — хабар додааст, дафтари матбуоти Кумитаи олимпии миллии кишвар.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ 10 варзишкор намояндагӣ хоҳанд кард, ки аз рӯи шаш дараҷаи вазн рақобат мекунанд. Дар чаҳор вазн — 81, 90, 100 ва беш аз 100 кг дунафарӣ, дар ду вазн — 66 ва 73 кг — якнафарӣ қувваозмоӣ хоҳанд кард.

Ба ҳайати 10-нафарии варзишкорони тоҷик Эраҷ Абдуллоев (66 кг), Саидмухтор Расулов (73 кг), Акмал Муродов ва Комрон Карликов (81 кг), Ҳоҷимашраб Раҳмонов ва Фаррухи Салим (90 кг), Темур Раҳимов ва Санавбар Шанбиев (100 кг), Баротҷон Наимов ва Хуршед Маҷидов (беш аз 100 кг) шомиланд.

Рақобати инфиродӣ чаҳор рӯз — аз 23 то 26 октябр идома хоҳад кард. Ҳар рӯз дар мусобиқа гуштигирон барои чаҳор маҷмӯи ҷоизаҳо талош мекунанд. Муборизаро варзишгарони вазнашон сабук — ҷавонмардон дар вазнҳои 55 ва 60 кг ва духтарон дар вазнҳои 44 ва 48 кг — рӯзи 23 октябр шурӯъ менамоянд.

Рӯзи шанбеи 24 октябр барои медалҳо писарон дар вазни 66 ва 73 кг, духтарон дар вазни 52 ва 57 кг, рӯзи якшанбеи 25 октябр — ҷавонмардон дар вазни 81 ва 90 кг, духтарон дар вазни 63 ва 70 кг, рӯзи душанбеи 26 октябр — ҷавонони вазнашон сангин — 100 ва беш аз 100 кг, инчунин духтарони вазнашон 78 ва беш аз 78 кг — вориди рақобат мешаванд.

Барчаспҳо:
мард, рақобат, вазн, АМА, мусобиҷа, медал, зан, ҷаҳон, дзюдо, наврасон, варзиш, мусобиҷаи ҷаҳонии дзюдо миёни наврасон, Кумитаи олмипии миллии Тоҷикистон, Абӯзабӣ, АМА, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ