Тими “Равшан” ҷойи саввум ва медалҳои биринҷиро соҳиб гашт

© Sputnik / Амир ИсаевДастаи футболи "Равшан". Акс аз бойгонӣ
Дастаи футболи Равшан. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Футболбозони шаҳри Турсунзодаро ҳисоби мусовӣ қаноатманд мекард, вале ба футболбозони шаҳри Кӯлоб барои гирифтани ҷойи севум танҳо ғалаба зарур буд.

ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Дастаи футболи"Равшан"-и Кӯлоб, ки дар бозии даври охирин, 18-уми қаҳрамонии Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ бар тими «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд, барандаи медалҳои биринҷии мусобиқаи имсола гардид, иттилоъ медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.

"Дар ин бозӣ, ки рӯзи гузашта дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб сурат гирифт, тақдири ҷойи севум ҳал шуд. Футболбозони шаҳри Турсунзодаро ҳисоби мусовӣ қаноатманд мекард, вале ба футболбозони шаҳри Кӯлоб барои гирифтани ҷойи севум танҳо ғалаба зарур буд",- меафзояд манбаъ.

Футбол: тилло насиби “Истиқлол”-у нуқра аз “Хуҷанд”, биринҷӣ номаълум

Ҳамин тавр, ду голи легионерҳо Акуффо Гершон ва Ҳусейни Сӯҳробӣ ба дастаи «Равшан» пирӯзӣ ва медалҳои биринҷӣ овард.

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, ки пешакӣ ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон даст ёфтааст, дар меҳмонӣ «Хуҷанд»-и Хуҷанд, барандаи медалҳои нуқраро бо ҳисоби бузурги 7:1 шикаст дод. Дар ин бозӣ се голи "Истиқлол"-ро ҳамлагар Манучеҳр Ҷалилов ба самар расонд ва ӯ дар мусобиқаи имсола бо 22 тӯби задааш дар сабқати беҳтарин нишонзанҳо мақоми аввалро касб кард. Ҳамлагар Ҳусейни Сӯҳробӣ, легионери эронии "Равшан", бо 18 гол дар мақоми дувум қарор гирифт.

Маврид ба ёдоварист, дастаи "Истиқлол" ягона тимест, ки дар 18 бозии мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии кишвар дар лигаи олии футбол шикаст нахӯрдааст. Футболбозони Душанбе ба дарвозаи рақибонашон аз ҳама бештар- 95 тӯб зада, аз дарвозаи худ ҳамагӣ 5 тӯб сар додаанд.

Лентаи хабарҳо
0