01:00 05 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.12
  • RUB0.14
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
24 0 0

Ду бозии охиринро мунтахаби Тоҷикистон соли оянда бо тими миллии Австралия 24 март дар меҳмонӣ ва бо дастаи Қирғизистон 29 март дар Душанбе анҷом медиҳад.

ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Дастаи мунтахаби футболи  Австралия бо тими миллии Тоҷикистон 24 марти соли оянда дар шаҳри Аделаида бозӣ мекунад, иттилоъ медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Ба қавли сарчашмаи хабар, бозии даври нӯҳуми марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018 дар гурӯҳи "В" байни дастаҳои мунтахаби футболи Австралия ва Тоҷикистон 24 марти соли оянда дар шаҳри Аделаида (Австралияи ҷанубӣ) баргузор мешавад.

Бино ба навиштаи хабаргузориҳо, бозӣ миёни дастаҳои мунтахаби Австралия ва Тоҷикистон дар варзишгоҳи «Аделаида-Овал», ки дорои 53 ҳазор ҷойи нишаст мебошад, баргузор хоҳад шуд.

Маврид ба ёдоварист, баъди натиҷагирии даври ҳаштуми мусобиқа дар ҷадвали гурӯҳи «В» мунтахаби Австралия, қаҳрамони феълии Осиё, бо 15 имтиёз дар ҷойи аввал аст. Урдун бо 13 имтиёз дар ҷойи дувум мебошад. Қирғизистон бо 11 имтиёз дар ҷойи севум қарор дорад. Тоҷикистон бо 5 имтиёз дар ҷойи чаҳорум аст. Бангладеш бо як имтиёз дар зинаи охирин қарор дорад.

Тими милии Австралия новобаста аз натоиҷи ду бозии охиринаш дар майдони худ бо дастаҳои Тоҷикистону Урдун пешакӣ ба даври баъдӣ роҳ ёфтааст. Барои роҳхати дувум аз гурӯҳи "В" мунтахаби Урдун муддаии аслист. Ба футболбозони Урдун дар ду бозии боқимонда дар майдони худ бо Бангладеш ва дар меҳмонӣ бо Австралия як пирӯзӣ ба даст оврдан кофист.

Барчаспҳо:
бозии футбол, натоиҷи бозиҳои даври ҳаштуми сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018, футбол, мунтахаби Австралия, дастаи миллии футболи Тоҷикистон, Ҷоми ҷаҳон-2018, Душанбе, Аделаида, Австралия, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ