05:48 14 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.67
  • RUB0.15
Дзюдо. Сабқати ҷаҳонӣ. Акс аз бойгонӣ

Ҷоми V-уми Вастан оид ба дзюдо: ҷоизаи аслӣ дар Тоҷикистон монд

© Sputnik
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
33 0 0

Паҳлавонони навраси клуби варзишии «Вастан» дар мусобиқоти байналмилаливу қитъавӣ ва ҷумҳуриявӣ ширкат карда, натиҷаҳои баланд ба даст овардаанд.

ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Рӯзҳои истироҳати 28 ва 29 ноябр дар шаҳри Душанбе, дар толори варзишии Кумитаи андози Тоҷикистон панҷумин мусобиқаи кушода оид ба дзюдо байни наврасони солҳои таваллудашон 1998-2000-ум барои Ҷоми Вастан барпо гардид, иброз дошт муовини сардовари мусобиқа Маҳмуд Абдуллоев.

Ин сабқати анъанавӣ бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ва клуби варзишии "Вастан" соле як маротиба дар пойтахти кишвар сурат мепазирад.

"Дар ин мусобиқаи анъанавӣ ба ҷуз гуштигирони тоҷик, варзишгарони ҷавони Афғонистон, Беларус, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Русия, Туркия, Узбакистон, Украина, Ҷопон, Эрон ва Юнон ширкат доштанд",- афзуд оқои Абдуллоев.

Миёни иштирокчиёни имсолаи сабқат қаҳрамони феълии ҷаҳон дар вазни то 55 кг байни наврасон Айболат Устубай (Қазоқистон) ва барандаи медали биринҷии чемпионати ҷаҳон дар вазни беш аз 90 кг байни наврасон Хуршед Маҷидов (Тоҷикистон) низ буданд.

Ғолибони мусобиқа дар нӯҳ  вазн байни писарон ва дар ду вазн миёни духтарон ба ҷуз медалу диплом, бо ҷоизаҳои молӣ (барои ҷойи якум 300 доллар, барои ҷойи дуввум 150 доллар ва барои ҷойи севвум 100 доллар) мукофотонида шуданд.

Дар сабқати писарон дар ҳафт вазн варзишгарони Тоҷикистон ва дар ду вазн намояндагони Қазоқистону Эрон ҷойҳои аввалро касб карданд.

Дар сабқати занон дар вазни то 48 кг намояндаи Тоҷикистон дар вазни то 52 кг намояндаи Ҷопон пирӯз гаштанд. Дар ҳисоби дастаӣ варзишгарони Клуби варзишии Вастан ғолиб омада, бо Ҷоми аслӣ сарфароз шуданд.

Ба ин тартиб, ғолибони мусобиқа дар нӯҳ вазн паҳлавонони зерин эълом шуданд:

Вазни то 46 кг

1. Маҳмадризо Қувватов (Тоҷикистон).

2. Оятулло Давлатов (Тоҷикистон).

3. Фаридун Мелибойзода (Тоҷикистон).

3. Фарорӯз Мирошоев (Тоҷикистон).

Вазни то 50 кг

1. Умед Асматуллоев (Тоҷикистон).

2. Аким Мамадназаров (Тоҷикистон).

3. Мустафо Валиев (Тоҷикистон).

3. Сорбони Илҳом (Тоҷикистон).

Вазни то 55 кг

1. Сӯҳроб Боқиев (Тоҷикистон).

2. Каюмарс Норов (Тоҷикистон).

3. Сафаралӣ Қурбонбеков (Тоҷикистон).

3. Фаррух Ҳалимов (Тоҷикистон).

Вазни то 60 кг

1. Айболат Устубай (Қазоқистон).

2. Далер Қурбонҷонов (Тоҷикистон).

3. Дамир Абдеков (Қазоқистон).

3. Ҷамолиддин Абдуллоев (Тоҷикистон).

 Вазни то 66 кг

1. Эраҷ Абдуллоев (Тоҷикистон).

2. Салман Рамихудоев (Тоҷикистон).

3. Кеворг Маникиян (Украина).

3. Шамоили Ҷаҳонгир (Тоҷикистон).

Вазни то 73 кг

1. Илҳомҷон Ҳофиззода (Тоҷикистон).

2. Александр Черкай (Украина).

3. Абдураҳим Муъминов (Тоҷикистон).

3. Хурсандмурод Раҳматов (Тоҷикистон).

Вазни то 81 кг

1. Ёқубҷон Назиров (Тоҷикистон).

2. Асилдар Магомедов (Украина).

3. Давлет Ахмедов (Қазоқистон).

3. Шерхон Тӯрабоев (Узбакистон).

Вазни то 90 кг

1.Шариф Назриев (Тоҷикистон).

2. Амирҷони Насим (Тоҷикистон).

3. Осимҷон Алиев (Тоҷикистон).

3. Сипеҳр Гуҳонченшандӣ (Эрон).

Вазни беш аз 90 кг

1.Алӣ Парҳезгар (Эрон).

2. Димитрас Тусомитас (Юнон).

3. Муҳаммадбек Фарҳодов (Тоҷикистон).

3. Хуршед Маҷидов (Тоҷикистон).

Бошгоҳи варзишии Вастан моҳи июни соли 2010-ум бо ибтикору сарпарастии паҳлавони маъруфи тоҷик Нуралӣ Шарифов, раиси Ҷамъияти саҳҳомии шакли пӯшидаи "Файз", таъсис ёфтааст. Он нахуст дар ноҳияи Дарвоз баъди ба истифода додани толори варзишии Вастан ба кор шурӯъ намуд. Баъдан, моҳи сентябри соли 2011 дар шаҳри Душанбе маркази Клуби варзишии Вастан ба фаъолият оғоз кард.

Барчаспҳо:
варзишгарони соли таваллудашон 1998-2000, сабқати анъанавӣ, гуштии дзюдо, Клуби варзишии Вастан, Кумитаи варзиш, ҷавонон ва сайёҳӣ, Шариф Назриев, Алӣ Парҳезгар, Ёқубҷон Назиров, Илҳомҷон Ҳофиззода, Эраҷ Абдуллоев, Айболат Устубай, Сӯҳроб Боқиев, Умед Асматуллоев, Оятулло Давлатов, Нуралӣ Шарифов, Маҳмуд Абдуллоев, Маҳмадризо Қувватов, Қазоқистон, Гурҷистон, Украина, Озарбойҷон, Юнон, Эрон, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ