19:41 20 январи 2020
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.75
  • RUB0.16
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
15 0 0

Яке аз ҳадафҳои асосии ин анҷуман талошҳои муштарак барои расидан ба сулҳ аз тариқи варзиш, дар шароити ноустувории сиёсӣ ба шумор меравад.

ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Федератсияи футболи шаҳри Душанбе дар Анҷумани Созмони байналмилалии "Peace and Sport" дар Монако яке аз беҳтаринҳо дониста шудааст, иттилоъ медиҳад ФФТ.

Дар ин давлати хурди воқеъ дар ҷануби Аврупо анҷумани 8-уми байналмилалии варзиш баргузор гардид. Дар ин ҳамоиш намояндагони ҷомеаи варзишию ҷаҳон, аз ҷумла сиёсатмадорон ва намояндагони федератсияҳои гуногун гирдиҳам омада буданд.

Яке аз ҳадафҳои асосии ин анҷуман талошҳои муштарак барои расидан ба сулҳ аз тариқи варзиш, дар шароити ноустувории сиёсӣ ба шумор меравад.

Дар ҳошияи ин чорабинӣ маросими расмии ҷоизасупорӣ (Peace and sport Awards) баргузор гардид. Дар он ҷоизасупорӣ аз рӯи 8 номинатсия, аз ҷумла "Федератсияи сол" сурат гирифтааст.

Тибқи натоиҷи ҷамъбастӣ, Федератсияи футболи Душанбе, ки онро Дилшод Ҷураев роҳбарӣ дорад, мақоми дуюмро касб кардааст. Ҷойи аввал аз рӯи номинатсияи Федератсияи сол насиби Федератсияи волейболи Фиҷӣ шудааст.

"Бисёр хушҳолем, ки лоиҳаи Футбол ба назди шумо меояд"-и мо ва дар умум фаъолияти Федератсияи футболи Душанбе аз ҷониби коршиносон баҳои баланд гирифту қадрдонӣ шуд", — навиштааст ФФД дар саҳифаи худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ.

Барчаспҳо:
"Федератсияи сол", беҳтарин, қадрдонӣ, ҷоиза, Peace and sport Awards, ФФД, Федератсияи футболи Душанбе, Созмони байналмилалии "Peace and Sport", Дилшод Ҷураев, Монако, Аврупо, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ