Беҳтарин даста ва бозигарони футбол-2015 эълом мешаванд

© Официальный сайт ФФТБозии футбол миёни тимҳои мунтахаби Тоҷикистон- Бангладеш. 12 ноябри соли 2015. Акс аз бойгонӣ
Бозии футбол миёни тимҳои мунтахаби Тоҷикистон- Бангладеш. 12 ноябри соли 2015. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ин маросим Федератсияи футболи Тоҷикистон ба ғолибон ва дастаҳое, ки дар мусобиқоти қаҳрамонии лигаҳои аввал ва олии Тоҷикистон, сабқати ҳайатҳои ҷавонони лигаи олӣ ҷойҳои дуввуму севвумро ишғол кардаанд, ҷоизаҳо месупорад.

ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Имрӯз дар меҳмонхонаи «Ҳаятт Риҷенси»-и шаҳри Душанбе маросими эътои ҷоизаҳо ба футболбозони беҳтарини мавсими соли 2015 баргузор мегардад, иттилоъ доданд ба Sputnik дар Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Ҳамчунин, ғолибон аз рӯи номинатсияҳои "Беҳтарин бозигари сол", «Беҳтарин мураббии сол", «Беҳтарин бозигари футзал», «Беҳтарин довар» ва ғайра эълон шуда, бо ҷоизаҳо сарфароз мегарданд.

Ба иттилоъи манбаъ, дар ин ин маросим мавсими имсолаи футбол дар кишвар натиҷагирӣ хоҳад шуд. Гуфтанист, Федератсияи футболи Тоҷикистон соли равон корҳои зиёдеро, ки ба рушди минбаъдаи футбол дар кишвар равона шуда буданд, анҷом дод.

Футбол: тилло насиби “Истиқлол”-у нуқра аз “Хуҷанд”, биринҷӣ номаълум

Дар ҷаласаи кумитаи иҷроияи ФФТ, ки рӯзи гузашта баргузор шуд, зикр гардид, ба такмили ташкили кори футболи кӯдакону наврасон, тарғибу ташвиқ ва маъруфияти футбол дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ, инчунин ба омодагии мақсаднок ва таъмини ширкати муваффақонаи дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқоти байналмилалӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд.

"Соли 2015 дар Тоҷикистон 35 бозии байналмилалӣ баргузор шуд. Мунтахаби миллии Тоҷикистон чаҳор бозии хонагӣ, ки яктоаш муқобили тими миллии Сурия дӯстона буд, анҷом дод",- меафзояд манбаъ.

Дар чорчӯби Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) имсол дар Душанбе ҳафт бозӣ бо ширкати дастаҳои футбол аз Ироқ, Кувайт, Туркманистон, Сурия ва Малайзия баргузор гардида, тими  "Истиқлол"-и Душанбе, қаҳрамони феълии футболи Тоҷикистон, дар соли аввали ширкати худ дар ин мусобиқаи қитъавӣ ба бозии ниҳоӣ роҳ ёфт.

Мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон ба ҳаққи ширкат дар марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2016 мушарраф шуд. Инчунин мунтахаби футзали кишвар ба қисми ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2016 роҳхат гирифт.

Дар ин маросим Федератсияи футболи Тоҷикистон ба ғолибон ва дастаҳое, ки дар мусобиқоти қаҳрамонии лигаҳои аввал ва олии Тоҷикистон, сабқати ҳайатҳои ҷавонони лигаи олӣ ҷойҳои дувуму севумро ишғол кардаанд, ҷоизаҳо месупорад.

 

Лентаи хабарҳо
0