03:00 22 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.60
  • RUB0.15
Бозигарони дастаи Хуҷанд-и Хуҷанд

Тими “Аҳлӣ ал- Халилӣ”-и Фаластин бо дастаи “Хуҷанд” рақобат мекунад

© Официальный сайт ФФТ
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
6 0 0

Дар минтақаи “Шарқ” бошад, бозиҳои плей-офф барои баромадан ба марҳилаи гуруҳӣ баргузор намешаванд.

ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Тими футболи "Хуҷанд"-и шаҳри Хуҷанд дар бозии плей-офф барои роҳ ёфтан ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2016 бо дастаи  «Аҳлӣ-Ал Халилӣ»-и Фаластин рақобат мекунад, иттилоъ медиҳад Федератсияи футболи кишвар.

Ин бозӣ рӯзи 9 феврали соли 2016 дар Фаластин баргузор мешавад, дар сурати роҳ ёфтан ба марҳилаи гурӯҳӣ тими «Хуҷанд» ба гурӯҳи «D» шомил  мегардад.

Тибқи ҷадвали бозиҳо, дар гурӯҳҳои дигари плей-офф  тими «Ал-Ҳидд»-и Баҳрайн дар майдони худ бо «К-Электрик»-и Покистон, дастаи «Триполӣ»-и Лубнон бо «Олой»-и Қирғизистон ва бошгоҳи «Ал-Ваҳда»-и Сурия бо дастаи дуввуми Туркманистон вориди рақобат мешаванд.

Маврид ба ёдоварист, дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони чаҳоркаратаи Тоҷикистон, ки имсол то ба финали Ҷоми AFC расид, дар мавсими нав дар ин мусобиқаи пурнуфузи минтақавӣ аз сабқати гурӯҳӣ шурӯъ мекунад.

Ба ғайр аз тими «Истиқлол» ба мубориза аз марҳилаи гурӯҳӣ дар минтақаи "Ғарб", ки чаҳор гурӯҳ ташкил мешавад, дастаҳои «Нафит Ал-Васат» ва «Эйр Форс» (ҳарду аз Ироқ), «Ал-Ваҳдат» (ё «Ал-Ҷазира» дар мавриди ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонони AFC роҳ ёфтани «Ал-Ваҳдат») ва «Ал-Файзалӣ» (ҳарду аз Урдун), «Ал-Оруба» ва «Фанҷа» (ҳарду аз Умон), «Ал-Муҳаррак»-и Баҳрайн, «Ал-Аҳд»-и Лубнон, «Ал-Ҷайш»-и Сурия, «Ал-Дҳариа»-и Фаластин ва «Олтин Аср»-и Туркманистон шурӯъ мекунанд. Ба онҳо чаҳор ғолиби чаҳор бозии плей-офф ҳамроҳ мешаванд.

Дар минтақаи «Шарқ» бозиҳои плей-офф гузаронида намешаванд. 16 дастаи ин минтақа аз рӯи натоиҷи қуръакашӣ гурӯҳҳои «E», «F», «G» и «H»-ро ташкил медиҳанд. Инҳо «Китчӣ» ва «Саут Чайна» (ҳарду аз Ҳонконг), «Янгон Юнайтед» (ё «Яданарбон» дар мавриди роҳ ёфтани«Янгон Юнайтед» ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонони AFC)ва «Айеявадӣ» (ҳар ду аз Мянмар), «Ҷоҳор Дарул Таъзим» (Малайзия), «Моҳун Баган» ва «Бенгалуру» (ҳар ду аз Ҳиндустон), «Тампинес Роверс» (ё «Уорриорс») ва «Балесте Халса» (ҳар ду аз Сингапур), «Ню Радиант» ва «Мазия» (ҳар ду аз Молдив), «Серес» ва «Кайя» (ҳар ду азФилиппин), «Лао Тойота» (Лаос) ва «Шайх Ҷамол Дҳанмондӣ» (Бангладеш) мебошанд. Боз як дастаи ширкаткунандаи марҳилаи гурӯҳӣ дар ин минтақа бошгоҳи дуввуми Малайзия мегардад.

Қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2016 рӯзи панҷшанбеи 10 декабр дар пойтахти Малайзия — Куала-Лумпур — баргузор мешавад.

Барчаспҳо:
кубоки АФК-2016, барои баромадан ба марҳилаи гуруҳӣ, сабқати плей-офф, футбол, дастаи «Аҳлӣ-Ал Халилӣ»-и Фаластин, Тими футболи "Хуҷанд"-и шаҳри Хуҷанд, Ҷоми AFC-2016, АФК-2016, ФФТ, дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, Фаластин, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ