Мунтахаби футболи ҷавонон ба "Ҷоми Иттиҳод-2016" омодагӣ мебинанд

© Sputnik / Евгений Одиноков / Гузариш ба медиабонкФутбол. Акс аз бойгонӣ
Футбол. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ин мусобиқот варзишгарони то 21-сола ҳаққи иштирокро доранд.

ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Сармураббии тими миллии футболи Тоҷикистон Роман Пилипчук дастаи мунтахаби ҷавонони футболи кишварро (U-22) барои иштирок дар Ҷоми Иттиҳод-2016 тамрин медиҳад, иттилоъ додааст ФФТ.

Футбол. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Рақибони мунтахаби ҷавонони ҶТ оид ба футбол маълум шуданд

Ба ҳайати тамриндиҳандагони дастаи мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон инчунин сармураббии дастаи "Вахш"-и Қӯрғонтеппа Рустам Хоҷаев ва мураббаии дастаи ҷавонони "Истиқлол"-и Душанбе Баҳодур Суфиев шомил шудаанд.

Дар Ҷоми Иттиҳод-2016, ки аз 16 то 24 январи соли оянда дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор мешавад, дар умум танҳо 8 дастаи ҷавонони футболи кишварҳои узв иштирок хоҳанд кард. Дар ҳоле ки қаблан 12 даста дар бозиҳои ин ҷом ширкат меварзиданд.

Дар ин мусобиқот варзишгарони то 21-сола ҳаққи иштирокро доранд. Барои Ҷоми Иттиҳод-2016 футболбозони ҷавони Русия, Беларус, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, молдова, Эстония ва Литва рақобат хоҳанд кард.

Лентаи хабарҳо
0