04:24 05 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.22
  • EUR11.09
  • RUB0.13
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
59 0 0

Тақвими бозиҳои «Истиқлол» дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2016 дар гурӯҳи «В» маълум шуд.

ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-216 рақибони дастаи "Истиқлол"-и Тоҷикистонро маълум кард, иттилоъ доданд аз Федератсияи футболи кишвар.

Ба қавли манбаъ, аз рӯи натоиҷи қуръакашӣ тими «Истиқлол»-и Душанбе дар гурӯҳи «В» бо дастаҳои «Нафит Ал-Васат»-и Ироқ, «Ал-Файзалӣ»-и Урдун ва ғолиби ҷуфти «Триполи» (Лубнон) — «Олой» (Қирғизистон) рақобат мекунад.

Дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2016 ҳамагӣ 32 даста, ки ба ҳашт гурӯҳи иборат аз чаҳордастаӣ тақсим мешаванд, ширкат меварзанд. Аз рӯи натиҷагирии марҳилаи гурӯҳӣ ду дастаи беҳтарин аз ҳар як гурӯҳ ба плей-офф мебароянд.

Дастае, ки дар сабқати гурӯҳӣ ҷойи аввалро мегирад, дар бозии даври 1/8 ниҳоӣ рақибашро дар хона қабул мекунад.

Бозиҳои марҳилаи гурӯҳӣ соли оянда дар чунин муҳлатҳо доир мешаванд: 23-24 феврал (даври 1-ум), 8-9 март (даври 2-юм), 15-16 март (даври 3-юм), 12-13 апрел (даври 4-ум), 26-27 апрел (даври 5-ум) ва 10-11 май (даври 6-ум).

Бозиҳои ҳаштякниҳоӣ 24-25 май, чаҳорякниҳоӣ рӯзҳои 13-14 сентябр (бозиҳои аввал) ва 20-21 сентябр (бозиҳои ҷавобӣ), ниманиҳоӣ дар таърихи 27-28 сентябр (бозиҳои аввал) ва 18-19 октябр (бозиҳои ҷавобӣ), бозии ниҳоӣ  бошад, 5 ноябр баргузор мешаванд.

Қаҳрамони чаҳоркаратаи Тоҷикистон- тими "Истиқлол" нахустин бозиашро 23 феврали соли оянда дар Варзишгоҳи марказии Душанбе муқобили бошгоҳи «Ал-Файзалӣ»-и Урдун анҷом медиҳад.

 

Барчаспҳо:
бозии футбол, рақобат, сабқат барои Ҷоми Осиё, футбол, бошгоҳи «Ал-Файзалӣ»-и Урдун, Нафит Ал-Васат»-и Ироқ, тими "Истиқлол", Ҷоми AFC-2016, Ӯрдун, Ироқ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ