Дар Душанбе ба 21 варзишгар беш аз 673000 сомонӣ медиҳанд

© Официальная страница президента РТ в FacebookВарзишгарони тоҷик дар бозиҳои олимпӣ дар Сочӣ. Акс аз бойгонӣ
Варзишгарони тоҷик дар бозиҳои олимпӣ дар Сочӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба иттилоъи дафтари матбуотии раисҷумҳур, туҳфаҳои молӣ пас аз эъломи исми варзишгарон эъто гардида, исми онҳо ҳанӯз мушаххас нашудааст.

ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вазорати молия амр дод, ки аз ҳисоби маблағҳои Фонди захиравии раисҷумҳур дар соли 2015 ба Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ 673 ҳазору 750 сомонӣ ҷудо намояд, менависад хадамоти матбуотии сарвари давлат.

Ин санад аз сӯи Раҳмон имрӯз, 24-уми декабр ба имзо расида, тибқи қарори Комиссияи мукофотпулиҳои Ҷоизаи Президенти Тоҷикистон ин маблағ ба 21 тан аз варзишарон, ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ тақдим бояд шавад.

Ҳанӯз дар оғози соли равон президент барои варзишгарони тоҷик, ки дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ғолиб меоянд, ҷоизаи махсус таъсис дода буд.

Самбо. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Қаҳрамонии самбои Осиё: 28 медали варзишгарони ҶТ бо шумули 13 тилло

Тобистони соли ҷорӣ бошад, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайҳӣ эълом дошт, ки барои варзишгароне, ки дар мусобиқоти байналмилалӣ се ҷои авваро мегиранд, то 300 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ муқаррар шудааст.

Дар асоси ин тасмими кумитаи мазкур, ғолибони мусобиқаҳои байналмилалие, ки барандаи ҷои аввал мегарданд, бо 300 ҳазор сомонӣ, барандаҳои медали нуқра 200 ҳазор ва варзишгарони мақоми сеюм ва бо медалҳои биринҷӣ сарфароз мегарданд.

Чанде қабл дар ҳамоиши хабарнигорони соҳаи варзиши Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мавсими соли 2015-ум натиҷагирӣ шуд. Дар он Дилшод Назаров, гурзандози тоҷик "Беҳтарин варзишгари сол" эълом гардида, феҳрасти 10 варзишгари беҳтарин рӯнамоӣ шуд. Инҳо- Комроншоҳи Устопириён, Саидҷалол Саидов, Муродҷон Тӯйчиев, Фарҳод Анақулов, Ҷаҳон Қурбонов, Мавзуна Чориева, Шоира Зулқайнарова, Хуршед Шарифов ва Акмалиддин Каримов мебошанд.

Лентаи хабарҳо
0