00:08 22 феврали 2018
Пахши мустақим
Рустами Эмомалӣ. Акс аз бойгонӣ

Кумитаи Шӯрои олимпии Осиё: Рустами Эмомалӣ ба узвият пазируфта шуд

© Sputnik Амир Исаев
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
27 0 0

Раиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, ҳамзамон президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, узви кумитаи Шӯрои олимпии Осиё интихоб гардидааст.

ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Роҳбари Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон, Рустами Эмомалӣ узви кумитаи Шӯрои олимпии Осиё интихоб шудааст, иттилоъ медиҳад Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

Дар ин бора аз номи раиси Шӯрои олимпии Осиё, Шайх Аҳмад Ал-Фаҳад Ал-Сабоҳ ба унвони Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон номаи расмӣ омадааст. Дар ин нома гуфта мешавад, ки аъзои нави 15 кумитаи Шӯрои олимпии Осиё барои солҳои 2015-2019 тасдиқ шуданд.

Ба қавли манбаъ, дар баробари Рустами Эмомалӣ аз Тоҷикистон ду нафари дигар-  дабири кулли ин кумита Баҳрулло Раҷабалиев ва мудири кулли кумитаи миллии олимпӣ Муҳаммадшо Абдуллоев узви кумитаи Шӯрои олимпии Осиё интихоб гардидаанд.

Шайх Аҳмад Ал-Фаҳад Ал-Сабоҳ дар номаи худ ҳар се намояндаи Тоҷикистонро, ки ба узвияти кумитаҳои Шӯрои олимпии Осиё пазируфта шудаанд, табрик гуфта, барояшон баҳри рушди минбаъдаи ҳаракати олимпӣ дар қораи Осиё комёбӣ орзу кардааст.

Рустами Эмомалӣ писари калони Эмомалӣ Раҳмон президенти Тоҷикистон аст, ки аз соли 2012 ба ин сӯ президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон мебошад. Ӯ дар гузашта раҳбари Хадамоти гумрук буд ва алъон раҳбари Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия аст.

 

Мавзуъ

Эътои ҷоизаҳо дар КМО ба ситораҳои варзиши Тоҷикистон
Барчаспҳо:
варзиш, футбол, комёбӣ, 15 кумитаи Шӯрои олимпӣ, боз як мақоми Рустам, навгонии варзишӣ, интихоби Рустами Эмомалӣ, Шӯрои олимпии Осиё, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Баҳрулло Раҷабалиев, Муҳаммадшо Абдуллоев, Рустами Эмомалӣ, Шайх Аҳмад Ал-Фаҳад Ал-Сабоҳ, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ