21:47 15 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.67
  • RUB0.15
Хизматчиёни низомӣ дар Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ

Таҷлили иди артиш дар Тоҷикистон бо ҳузури рӯзноманигорон

© Sputnik Амир Исаев
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
58 0 0

Дӯстдорони варзиш миёни сарбозону афсарони артиши Тоҷикистон зиёданд ва ин чорабинӣ низ дар арафаи таҷлили таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ аз он дарак медиҳад.

ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Ба муносибати 23-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бо ибтикори Вазорати мудофиа дар толори варзишии Кумитаи андоз байни рӯзноманигорон ва сарбозон мусобиқа баргузор шуд.

Тавре дафтари матбуотии ВМ иттилоъ медиҳад, дар он намояндагони ахбори омма ва низомиён аз рӯи 4 намуди варзиш, аз қабили футболи хурд, дастхобонӣ, варзиши сабук ва бандкашӣ рақобат карданд.

Дар мусобиқа дастаи рӯзноманигорон бо либосҳои сурх ва дастаи низомиён бо либосҳои кабуд вориди сабқат шуданд. Дастаи низомиён дастаи рӯзноманигоронро аз намуди футболи хурд бо ҳисоби бузурги 6:1 шикаст дод, аз намуди варзиши дастхобонӣ бошад, тими рӯзноманигорон сазовори ҷойи аввал гардид.

Аз намудҳои бандкашӣ ва варзиши сабук бошад, дастаи низомиён сазовори ҷойи аввал ва дастаи рӯзноманигорон сазовори мақоми дуюм гардиданд. Дар охир ҳар ду даста бо туҳфаҳои Вазорати мудофиа қадрдонӣ шуданд.   

Мавзуъ

Даъвати наваскарон ба артиш шурӯъ шуд
Барчаспҳо:
таҷлил, артиш, таъсисёбӣ, Қувваҳои мусаллаҳ, вазорати мудофиа, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ