16:13 25 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.02
  • RUB0.13
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
40 0 0

Паҳлавони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳонии самбо, ки дар шаҳри Мински Белорус ҷараён гирифт, медали биринҷӣ ба даст овард.

ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Паҳлавони маъруфи тоҷик, самбочӣ, Акмалиддин Каримов дар мусобиқаи байналмилалии дараҷаи "А" барои ҷоизаи президенти Белорус Александр Лукашенко, ки яке аз даврҳои Ҷоми ҷаҳонии самбо маҳсуб мешавад, соҳиби медали биринҷӣ гардид.

Бино ба иттилоъи дарёфтӣ, Каримов дар ин мусобиқа, ки барои бори бистум бо ширкати беш аз 400 варзишгар аз 16 кишвар Минск баргузор шуд, дар рақобатҳо дар вазни зери 57 килограмм ҷойи сеюмро ишғол кард.

Ин мусобиқа барои самбочии тоҷик дар мавсими нав аввалин мусобиқаи байналмилалӣ ба шумор мерафт. Бояд гуфт, ки соли 2015-ум барои Акмалиддин Каримов, паҳлавони маъруфи тоҷик, соли пурбарор буд. Вай дар панҷ мусобиқаи ҷаҳониву қитъавӣ ширкат карда, чаҳор медали тилло ва як медали нуқра ба даст овард. Ӯ дар ду марҳилаи Ҷоми ҷаҳонии самбо дар Қазоқистон ва Русия ғолиб шуда, ба унвони қаҳрамони Осиё даст ёфтааст.

Бузургтарин дастоварди Акмалиддин Каримов дар соли гузашта, медали нуқраи қаҳрамонии ҷаҳон дар Марокаш мебошад ва барои ин дастовард бо ҷоизаи вижаи президенти ҶТ сарфароз гардид.

Маврид ба тазаккур аст, ки ин паҳлавони маъруфи тоҷик ба рӯйхати даҳгонаи варзишгарони беҳтарини соли 2015 дар Тоҷикистон дохил шудааст. 

Барчаспҳо:
варзишгарони беҳтарин, самбо, гушти, нишони биринҷӣ, Ҷоми президенти Белорус, Ҷоми Осиё, Александр Лукашенко, Акмалиддин Каримов, Минск, Белорус

Мавзӯъҳои асосӣ