20:03 06 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Самбо. Акс аз бойгонӣ

Сабқати қаҳрамонии самбо дар Тоҷикистон анҷом ёфт

© Sputnik / Владимир Федоренко
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
22 0 0

Дар пойтахти кишвар сабқати қаҳрамонӣ оид ба гуштии самбо баргузор гардида, барандагони он дар вазнҳои мухталиф муайян шуданд.

ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Дар мусобиқа зиёда аз 130 варзишгар аз шаҳри Душанбе, вилояти Суғд, Хатлон, Вилояти Мухтори Бадахшони Кӯҳӣ ва ноҳияҳои тобеъи марказ ширкат варзиданд.

Рақобати паҳлавонон аз рӯи нӯҳ вазн сурат гирифта, қувваозмоӣ ду рӯз идома кард. Дар рӯзи аввали мусобиқа ғолибони чор вазн маълум шуданд.

Ҳамин тавр, Ҷомӣ Ҳасан дар вазни (52кг), Акмалиддин Каримов (57кг), Хушқадам Хусравов (63кг) ва Мустафо Ҳасан (68кг) қаҳрамонони сабқат эълон шуданд. Рӯзи дуюми мусобиқа бошад ғолибони панҷ вазни боқимондаро муайян сохт.

Қаҳрамонони нави кишвар дар намуди самбо- Ҳамроҳ Раҷабов (74 кг), Зафар Олимшоев (82 кг), Умед Ҳасанбеков (90 кг), Шамшод Абдуллоев (100 кг) ва Набимуҳаммад Хоркашев (+100 кг)  гардиданд.

Ғолибони мусобиқаи умумиҷумҳуриявӣ дар сабқатҳои дигари дохил ва хориҷи кишвар иштирок хоҳанд варзид.

Ғолибони ин сабӣқати ҷумҳуриявӣ барои иштирок дар сабқатҳои Ҷоми ҷаҳон дар Русия ки рӯзҳои 24-27 март баргузор мегардад, инчунин барои ширкат дар мусобиқа барои дарёфти Ҷоми президенти Қазоқистон дар моҳи июл ва ҳамчунин барои ширкат дар чемпионати ҷаҳон моҳи ноябр дар Булғористон тайёр мекунад.

 

Барчаспҳо:
Чемпионати Тоҷикистон, самбо, қаҳрамон, сабқат, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Федератсияи самбои Тоҷикистон, Ҳамроҳ Раҷабов, Акмалиддин Каримов, Хушқадам Хисравов, Хатлон, Суғд, ВМКБ, Хуҷанд, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ