16:55 06 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.22
  • EUR11.09
  • RUB0.13
Варзиш

Душанбе: паҳлавони наврӯзиро мошини сабукрав интизор аст

Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
49 0 0

Дар рӯзҳои таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз дар ҳамаи шаҳру навоҳии Тоҷикистон мусобиқоти идона оид ба намудҳои гуногуни варзиш баргузор мешавад.

ДУШАНБЕ,  18 мар — Sputnik. Дар рӯзҳои таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз дар Тоҷикистон мусобиқоти варзишӣ барпо мегардад, иттилоъ медиҳад Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар.

Ба иттилоъи манбаъ, дар Муассисаи давлатии "Наврӯзгоҳи пойтахт" мусобиқаи гуштии миллӣ бо ширкати паҳлавонон аз манотиқи мухталифи кишвар барпо мегардад. Ғолиби мутлақи ин мусобиқа бо мошини сабукрав сарфароз мегардад.

Зимнан, рӯзи чоршанбеи 23 март дар Наврӯзгоҳи пойтахт пойгаи аспдавонӣ доир хоҳад шуд. Ба ғолиби мутлақи пойга аспи зоти тоҷикӣ тўҳфа карда мешавад.

Гуфта мешавад, аз буҷаи ҳукумати пойтахт барои гузаронидани мусобиқаи гуштии миллӣ 48 ҳазору 400 сомонӣ ва барои пойгаи аспдавонӣ 29 ҳазору 700 сомонӣ маблағ ҷудо шудааст.

Бахшида ба Наврӯз, ҳамчунин, дар шаҳру навоҳии кишвар ба ғайр аз намудҳои миллӣ, инчунин оид ба навъҳои маъмули варзиш, ба мисли баскетболу волейбол, варзиши сабук, вазнабардорӣ, тенниси рӯи миз, футбол, шоҳмоту шашка ва ғайра мусобиқоти идона баргузор мешавад.

 

Мавзуъ

Наврӯз дар Тоҷикистон ва таҷлил аз он
Барчаспҳо:
гуногунҷабҳа, мошини сабукрав, рақобат, сабқат, мусобиқа дар нӯҳ вазн, гуштигирӣ, Наврӯз, ҳукумати Душанбе, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, Тоҷикистон, Душанбе

Мавзӯъҳои асосӣ