ҚҶ-2018: сабқати Тоҷикистон бо Австралия

© Sputnik / Амир ИсаевБозии "Тоҷикистон – Австралия" дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Бозии  Тоҷикистон – Австралия дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мунтахаби Австралия новобаста аз натоиҷи ду бозии охиринаш дар майдони худ бо дастаҳои Тоҷикистону Урдун пешакӣ ба даври баъдӣ роҳ ёфтааст ва барои ғолибият дар гурӯҳ талош мекунад.

ДУШАНБЕ,  24 мар — Sputnik. Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар марҳилаи дуюми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018 бо тими Австралия рақобат мекунад, иттилоъ медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.

"Ин бозӣ дар варзишгоҳи "Аделаида Овал" соати 19:30 ба вақти маҳаллӣ (14:00 ба вақти Душанбе) шурӯъ мешавад. Бегоҳи чоршанбеи 23 март футболбозони тоҷик дар майдони ин варзишгоҳ тамрин карданд",- меафзояд манбаъ.

Иҷрокунандаи вазифаи сармураббии мунтахаби Тоҷикистон Мубин Эргашев ба ҳайати даста 18 бозигарро дохил кардааст. Ӯ қабл аз бозӣ дар як нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иброз доштааст, нисбат ба бозии аввал, ки моҳи сентябри соли гузашта дар Душанбе барпо гардида буд, дар бозии ҷавобӣ дар ҳайати даста тағйирот ба амал омадааст.

1000 сомонӣ. Нархи билети бозии футболи Тоҷикистону Қирғизистон

"Вазифаи аввалиндараҷаи мо ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2019 роҳ ёфтан аст. Мутаассифона, тақвими бозиҳо ба манфиати мо нашуд. Мо сабқати интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018-ро бо ду бозии мураккаб анҷом медиҳем. Бозии асосии ин марҳила рӯзи 29 март дар хона бо мунтахаби Қирғизистон мебошад. Ин бозии тақдирсоз аст ва аз он ба марҳилаи гурӯҳии қаҳрамонии Осиё-2019 мустақим ва ё тавассути бозиҳои интихобӣ баромадани мо бастагӣ дорад", —  илова кардааст ӯ.

Ба бозӣ муқобили мунтахаби Тоҷикистон Ангелос Постекоглу, сармураббии тими миллии Австралия, ки таҳти раҳбарии ӯ мунтахаби Австралия барандаи Ҷоми Осиё-2015 гардидааст, 23 бозигарро даъват кардааст. Аз онҳо 18 нафарашон легионерҳоянд, ки дар мусобиқоти қаҳрамонии Испания, Инглистон, Олмон, Норвегия, Чин, Имороти Муттаҳидаи Араб, Италия, Шотландия ва Ҷопон бозӣ мекунанд. Ҳамагӣ панҷ бозигар аз бошгоҳҳои футболи Австралия мебошанд.

Лентаи хабарҳо
0