12:48 31 марти 2020
Пахши мустақим
  • USD10.20
  • EUR11.26
  • RUB0.13
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
30 0 0

Иштирок дар мусобиқаҳои Аврупо мутобиқ кардани сатҳу сифати маҳорати варзишгарони тоҷик бо ҳарифони қавиву арзанда аст.

ДУШАНБЕ,  24 мар — Sputnik. Варзишкорони навраси тоҷик дар мусобиқоти кушоди Аврупо ширкат карда, соҳиби  5 медал гардиданд, иброз дошт дабири кулли Федератсияи кёкушинкан каратэ-дои Тоҷикистон, Неъматулло Акбаров аснои сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Бино ба қавли ӯ, ин сабқат дар шаҳри Берлини Олмон бо ширкати 222 варзишгар аз 13 кишвар, бо шумули Австрия, Руминия, Сербия, Эстония, Лаҳистон, Исроил, Белорус, Арманистон, Украина, Булғористон, Русия ва Олмон баргузор шуд.

"Дар сабқати наврасон Сироҷиддин Кароматов (вазни —65 кг) барандаи медали нуқра ва Ёқубҷон Сафаров  (-75 кг),  Сорбони Субҳон (65 кг),  Мансури Давлатқадам (-60 кг) ва Темур Раҳмонов  (+55 кг) сазовори медалҳои биринҷӣ шуданд",- афзуд оқои Акбаров.

 

 

 

Барчаспҳо:
кёкушинкан каратэ-до, сабқат, рақобат, мусобиқа, Федератсияи кёкушинкан каратэ-дои Тоҷикистон, Сироҷиддин Кароматов, Темур Раҳмонов, Неъматулло Акбаров, Токелау, Руминия, Австрия, Олмон, Аврупо

Мавзӯъҳои асосӣ