04:45 08 августи 2020
Пахши мустақим
  • RUB0.14
  • USD10.31
  • EUR12.20
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
32 0 0

Дастаи Қирғизистон дар майдони футбол бо рақибони ҳирфаӣ ва бозигарони касбӣ вомехӯрад, иброз медорад сармураббии тими футболи ҶҚ Александр Крестинин.

ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Дар остонаи бозии футбол байни Қирғизистону Тоҷикистон намояндагони ин ду даста нишасти матбуотӣ доир намуданд. Сармураббии тими Қирғизистон бовар дорад, ки ба тамошои бозӣ мухлисони зиёд ҷамъ хоҳанд омад.

"Бозии хубро интизорем, ҳар ду даста ҳам ба якдигар сазоворанд. Ин бозӣ — дерби ҳаст. Бозии тимҳои Тоҷикистону Қирғизистон доим шавқовар мегузашт",-изҳор дошт Крестинин.

Бо ишора ба рақибони феълӣ Александр Крестинин нахуст ба ҳамкори худ Мубин Эргашев шифои комил таманно кард. Мураббии дастаи Тоҷикистон чанд рӯз пеш бо сабаби бемории қалб дар Маркази  тиббӣ бистарӣ шуд.

"Дастаи Тоҷикистон-бисёр тими ҷиддӣ аст. Ин тим рақиби пурқувват ва мағлубнашаванда аст. Дар ҳақиқат ҳам ҳамаи бозингаронашон ҳирфаӣ мебошанд. Мо медонем, ки бо рақибони арзанда вомехӯрем", —қайд кард ӯ.

Ба гуфти дарвозабони дастаи Қирғизистон Валерия Кашуби, тими Тоҷикистон ин дастаи муборизон ва ҳарифони боқувват аст.

Бозии дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ дар доираи бозиҳои интиҳоии даври дуюми интихобии Қаҳрамонии футбол- 2018 баргузор мегардад. Қисми финалии чемпионат моҳи июли соли 2018 дар Русия доир хоҳад шуд.

 

Мавзуъ

Сармураббии мунтахаби футболи Тоҷикистон бистарӣ шуд
Барчаспҳо:
ҳирфаӣ, бозӣ, сабқат, рақобат, варзиш, футбол, ҚҶ-2018, тими мунтахаби Қирғизистон, дастаи миллии футболи Тоҷикистон, ФФТ, Валерия Кашуби, Мубин Эргашев, Александр Крестинин, Душанбе, Қирғизистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ