12:49 18 июни 2018
Пахши мустақим
  • USD9.09
  • EUR10.75
  • RUB0.15
Бозии Истиқлол - Регар-ТадАЗ. Акс аз бойгонӣ

Тими "Истиқлол"- барандаи Суперҷоми Тоҷикистон

© Sputnik Амир Исаев
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
26 0 0

Дастаи "Истиқлол", ки ин дафъа бар тими "Хуҷанд" пирӯз шуд, барои бори шашум барандаи Суперҷоми Тоҷикистон (Ҷоми олии Тоҷикистон) гардид.

ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Рӯзи гузаштаи 3 апрел мавсими нави футбол дар Тоҷикистон бо бозӣ барои Cуперҷом ё Ҷоми олии Тоҷикистон дар    Варзишгоҳи "Металлург"-и шаҳри Турсунзода бо ширкати беш аз чаҳор ҳазор мухлис сурат пазируфт, иттилоъ медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Тими "Истиқлол"-и Душанбе, қаҳрамони феълӣ ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2015 дар ин бозӣ аз болои дастаи "Хуҷанд"-и шаҳри Хуҷанд, барандаи медалҳои нуқраи мусобиқаи порсолаи қаҳрамонии кишвар бо ҳисоби 3:2 ғалаба кард.

Ҳисобро дар дақиқаи 13-ум легионери украинии "Истиқлол" Александр Каблаш кушод. Фарҳод Тоҳиров, ҳамлагари "Хуҷанд", дар дақиқаи 20-ум ҳисобро баробар намуд. Пас аз як дақиқа ҳимоятгар Давронҷон Эргашев боз "Истиқлол"-ро ба пеш баровард.

Дар даври дуввум дар майдон мубориза боз ҳам шиддат гирифт ва ба бозигари тими "Хуҷанд" Дилшод Каримов дар дақиқаи 73-юм муяссар шуд, ки ҳисобро баробар намояд. Голи севум ва ҳалкунандаи ин бозиро боз ҳам Александр Каблаш дар дақиқаи 83-юм ба ҳадаф расонд.

Ҳамин тавр, медалҳои нуқраи Суперҷом ба дастаи "Хуҷанд" ва медалҳои тилло ба дастаи "Истиқлол" супурда шуда, дар ин маросим ноиби аввали президенти ФФТ Хуршед Файзуллозода Суперҷоми Тоҷикистонро ба капитани "Истиқлол" Нуриддин Давронов тақдим кард.  

Барчаспҳо:
рақобат, сабқат, футбол, бозӣ, Суперҷоми Тоҷикистон, дастаи "Хуҷанд", тими "Истиқлол", Федератсияи футболи Тоҷикистон, ФФТ, Хуршед Файзуллозода, Александр Каблаш, Нуриддин Давронов, Турсунзода, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ