23:50 21 феврали 2018
Пахши мустақим
Расул Боқиев. Акс аз бойгонӣ

Таъсиси "Мактаби дзюдои Расул Боқиев" дар Маскав

© AFP 2018/ CHRISTOPHE SIMON
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
353 0 0

Дзюдоисти машҳури тоҷик, дорандаи медали баринҷии Бозиҳои олимпии 2008-Расул Боқиев ба фаъолияти мураббигӣ дар Маскав шурӯъ кард.

ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Варзишгари маъруфи тоҷик Расул Боқиев, ки дар Маскав ба тамрин ва тарбияи паҳлавонони ҷавон дар Маркази омӯзишии "Самбо-70", машғул буд, акнун ба фаъолияти мураббигии мустақилона дар мактаби худаш шурӯъ кард.

Солҳои охир дорандаи нишони биринҷии Бозиҳои олимпии 2008 бо сабаби надоштани дастгирии молӣ дар мусобиқоти бузург ширкат намекард. Муддати дароз дар бораи дастгирии молии ин ё он ширкат сухан мерафт, аммо ҳамоно ин сарусадо дар сатҳи гуфтугӣ боқӣ мемонданд. Расул ҳама гуна овозаҳоро дар мавриди даст кашиданаш аз мусобиқаҳо рад кард.

Бо вуҷуди ин варзишгар тамринро дар маҷмааи варзишии "Самбо-70"  таҳти мурабигии Павел Фунтиков давом дода, дар мусобиқаҳо дар вазни то 81 кг (қаблан 73) идома дод. Аммо барои иштирок дар сабқатҳои бузург шароити хуби тамрин ва маблағгузорӣ лозим буд, ки ҳалли худро наёфт ва Расул Боқиев ба тайёр намудани дзюдоистони ҷавон пардохт.

Соли гузашта ӯ дар пойтахти Русия мактаби варзишии худро таъсис дод.

"Соли 2015 бо дастгирии роҳбарияти маҷмааи варзишии  "Олимпийская деревня-80" дар Маскав ман мактаби худро таъсис додам, —гуфт Расул Боқиев. —Акнун ман наврасон, ҷавонон ва калонсолонро машқ медиҳам".

Маҷмааи омӯзишӣ-варзишӣ расман, Мактаби дзюдои Расул Боқиев ном дорад.

"Дар Мактаби мо барандаи нишони нуқраи бозиҳои олимпӣ, қаҳрамони чаҳоркаратаи ҷаҳон дзюдоист Александр Михайлин тамрин мекунад. Ҳадафи асосӣ —иштирок ва баромади шогирдонам дар сабқатҳои бузурги байналмиллалӣ ва ҷаҳонӣ мебошад. Аз рӯзи таъсиси мактаб зиёда аз 60 нафар варзишгар ин ҷо нозукиҳои дзюдо меомӯзанд", —изҳор дошт Боқиев.

Мавзуъ

Паҳлавони тоҷик дар қаҳрамонии ҷаҳон оид ба дзюдо медал нагирифтанд
Барчаспҳо:
ҷоизадор, мактаби варзишӣ, таъсис, саршинос, варзишгар, паҳлавон, гуштигирӣ, дзюдо, Мактаби дзюдои Расул Боқиев, Бозиҳои олимпии 2008, клуби варзишии "Самбо-70", Александр Михайлин, Павел Фунтиков, Расул Боқиев, Русия, Душанбе, Маскав, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ