21:10 19 июни 2018
Пахши мустақим
  • USD9.10
  • EUR10.50
  • RUB0.14
Мария Шарапова. Акс аз бойгонӣ

Бозгашти Шарапова ба феҳрасти 10-гонаи беҳтаринҳо

© Sputnik / Алексей Филиппов
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
43 0 0

Тенисбози рус бо сабаби дарёфти мелдоний дар баданаш аз мусобиқа маҳрум шуда буд. Ӯ бори аввал аз 10-гонаи беҳтарини Ассотсиатсияи занони таннисбоз аз соли 2011 ба ин сӯ берун монд.

ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Варзишгари рус Мария Шарапова дар рейтинги Ассотсиатсияи занони теннисбоз (WTA) ба мақоми 9 баромад, бозигари дигари рус Светлана Кузнетсова дар ҷои 13 ва Ангелика Кербери олмонӣ дар мақоми дуюм қарор гирифт, омадааст дар хабари сомонаи ин ниҳод.

Бону Шарапова баъди дар сабқати "Кушоди Австралия" ёфт шудани мелдоний дар баданаш, аз идомаи бозӣ маҳрум карда шуд. Кербер ҳафтаи гузашта дар мусобиқаи Майами дар нимфинал аз ҷониби тенисбози белорусӣ Виктория Азаренко, ки дар  мақоми панҷуми рейтинг ҷой дорад шикаст хӯрд.

Кузнетсова, ки дар бозии финалӣ аз ҷониби Азаренко мағлуб гардид, шаш имтиёз ба даст овард. 10-гонаи беҳтаринро бозингари испанӣ Суарес-Наварро тарк кард. Ӯ дар ҷои 11 қарор дорад.

Рейтинги WTA аз 4 апрел:

1 (1). Серена Уилямс (ИМА) — 8625 имтиёз,

2 (3). Ангелика Кербер (Олмон) — 6025 хол,

3 (2). Агнешка Радванская (Лаҳистон) — 5775 нишон,

4 (4). Гарбине Мугуруса (Испания) — 4831хол,

5 (8). Виктория Азаренко (Белорус) — 4530 имтиёз,

6 (5). Симона Халеп (Руминия) — 3785 хол,

7 (7). Петра Квитова (Чех) — 3763 хол,

8 (9). Роберта Винчи (Итолия) — 3595 имтиёз,

9 (11). Мария Шарапова (Русия) — 3432 хол,

10 (10). Белинда Бенчич (Швейтсария) — 3340 нишон,

11 (6). Карла Суарес-Наварро (Испания) — 3160 хол,

13 (19). Светлана Кузнесова (Русия) — 3010 имтиёз,

27 (28). Анастасия Павлюченкова (Русия) — 1840 нишон,

30 (31). Екатерина Макарова (Русия) — 1666 хол,

35 (36). Даря Касаткина (Русия) — 1367 нишон,

47 (41). Маргарита Гаспарян (Русия) — 1168 имтиёз,

85 (96). Елена Веснина (Русия) — 776 хол,

109 (99). Елизавета Куличкова (Русия) — 614 имтиёз.

Ёдовар мешавем, ки қаблан теннисбози рус Мария Шарапова дар бораи дар баданаш ёфт шудани мелдоний, ки аз 1 январи соли 2016 ба рӯйхати маводҳои манъшуда аз ҷониби Оҷонсии Умумиҷаҳонии Антидопингӣ (WADA) дохил шуд, эълон карда буд.

Ин мавод ҳам дар мусобиқа ва ҳам берун аз он манъшуда ба шумор рафта, ба гурӯҳи маводҳои ҳормонҳои таҳрикдиҳанда шомил мебошад.   

Барчаспҳо:
мелдоний, 10-гона, варзишгар, теннисбоз, теннис, Ассотсиатсияи занони теннисбоз (WTA), Серена Уилямс, Виктория Азаренко, Мария Шарапова, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ