05:40 23 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.74
  • RUB0.15
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
7510

Ин мусобиқа бо ибтикори Корхонаи воҳиди давлатии "Қасри тенниси шаҳри Душанбе" ва Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии пойтахти кишвар ташкил шудааст.

ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik. Мусобиқаи шаҳрӣ оид ба теннис байни дӯстдорони ин намуди олимпии варзиш барои Ҷоми пойтахт, ки ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бахшида шудааст, рӯзҳои 16-17 апрел дар Қасри тенниси шаҳри Душанбе барпо мегардад.

Ташкилкунандагони ин мусобиқа Корхонаи воҳиди давлатии «Қасри тенниси шаҳри Душанбе ва Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии пойтахти кишвар мебошанд.

Раҳбари КВД "Қасри тенниси шаҳри Душанбе" Тоҷиддин Тағоев мегӯяд, дар ин мусобиқа, ки бори панҷум барпо мегардад, ҳудуди 30 нафар дӯстдорони теннис, намояндагони корпусҳои дипломатӣ ва ташкилоту созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон, ҳамчунин як қатор вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ва соҳибкорон иштирок мекунанд.

"Маросими ифтитоҳи мусобиқа 16 апрел соати 11 дар Қасри тенниси Душанбе баргузор мешавад. Мусобиқа миёни мардону занон аз рӯи як намуд — рақобатҳои инфиродӣ сурат мегирад",- илова кардааст Тағоев.

Ғолибони мусобиқа миёни мардону занон ва онҳое, ки ҷойҳои дувуму севуму чорумро мегиранд, бо ҷому ифтихорномаҳои КВД "Қасри тенниси шаҳри Душанбе", Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Душанбе сарфароз мегарданд.    

Мавзуъ

Дар Душанбе мусобиқаи дӯстдорони теннис барпо шуд
Барчаспҳо:
теннис, сабқат, бозӣ, мусобиқа, Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Душанбе, КВД "Қасри тенниси шаҳри Душанбе", Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ