18:35 19 феврали 2018
Пахши мустақим
Ҷудочии тоҷик Комроншоҳи Устопириён аснои сабқат. Акс аз бойгонӣ

Рақобати варзишгарони тоҷик барои имтиёзҳои олимпӣ дар Тошканд

© AP/ Dita Alangkara
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
20 0 0

Варзишгарони тоҷик дар ин мусобиқот ҳамагӣ 13 медал – 5 нуқра ва 8 биринҷӣ ба даст овардаанд, аммо то ҳоло дар ин намуд касе аз Тоҷикистон ба унвони қаҳрамони Осиё мушарраф нашудааст.

ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба дзюдо, ки рӯзҳи 15-17 апрел дар шаҳри Тошканди пойтахти Ӯзбакистон баргузор мешавад, ширкат меварзанд, иттилоъ медиҳад Федератсияи дзюдои ҶТ.

Ба ҳайати мунтахаби кишвар Умед Абдураҳимов (то 66 кг), Шӯҳратҷони Фархизода ва Кароматулло Ҳакимов (ҳар ду вазни то 73 кг), Фарҳод Раҳимов, Саидҷамол Алимардонов (ҳар ду то 81 кг), Комроншоҳи Устопириён (то 90 кг), Саидҷалол Саидов (то 100 кг) ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (беш аз 100 кг) дохиланд.

Дар ин мусобиқаи қитъавӣ, ки ширкати гуштигирони бештар аз 30 кишвар дар назар аст, аз Тоҷикистон довари дараҷаи байналмилалӣ Рамзӣ Шамиров ба ҳайси ҳакам хидмат мекунад.

Варзишгарон ба ҷуз медалҳо, барои ба даст овардани имтиёзҳо ҷиҳати дарёфти роҳхатҳо ба Олимпиадаи соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия мубориза мебаранд.

Мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба ин навъи олимпии варзиш сар аз соли 1966 доир мешавад. Варзишгарони тоҷик дар ин мусобиқот ҳамагӣ 13 медал — 5 нуқра ва 8 биринҷӣ — ба даст овардаанд. Вале то ҳоло дар ин намуд касе аз Тоҷикистон ба унвони қаҳрамони Осиё мушарраф нашудааст.

 

Мавзуъ

Таъсиси "Мактаби дзюдои Расул Боқиев" дар Маскав
Барчаспҳо:
кушти, гушти, сабқат, дзюдо, Федератсияи дзюдои ҶТ, Шӯҳратҷони Фархизода, Саидҷамол Алимардонов, Кароматулло Ҳакимов, Саидҷалол Саидов, Умед Абдураҳимов, Комроншоҳи Устопириён, Осиё, Тошканд, Ӯзбакистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ