Мусобиқаи минтақавии футболи Осиё миёни духтарон дар Душанбе мегузарад

© Федерация футбола Таджикистана / Гузариш ба медиабонкҚаҳрамонони бозии ҷумҳуриявии футболи духтарона -дастаи "Ласточка" (Душанбе). Акс аз бойгонӣ
Қаҳрамонони бозии ҷумҳуриявии футболи духтарона -дастаи Ласточка (Душанбе). Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аз 26 апрел то 1 май дар Тоҷикистон мусобиқаи минтақавии қаҳрамонии футболи Осиё миёни духтарони то 14- сола баргузор мегардад.

ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik.  Дар бозии футбол миёни духтарони то 14-сола дастаҳои Бангладеш, Бутан, Қирғизистон, Непал, Тоҷикистон ва Эрон ширкат меварзанд, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Лаҳзае аз бозии тими футболи ҷавонони Тоҷикистон. 29 декабри соли 2015 - Sputnik Тоҷикистон
Футбол (U-16): пирӯзии дастаи ҷавонони Тоҷикистон дар бозии дӯстона

Тими Тоҷикистон дар гурӯҳи "А" бо дастаҳои Эрон (26 апрел), Бутан (27 апрел) ва Қирғизистон (28 апрел) вомехӯрад. Ҳамаи бозиҳо бо ширкати мунтахаби Тоҷикистон дар майдони Академияи "Истиқлол",  воқеъ дар Алмосии Ҳисорсурат мепазиранд.

Бозиҳо дар гурӯҳи "В" бо ширкати дастаҳои мунтахаби Бангладеш, Непал ва Ҳиндустон дар майдони варзишгоҳи "Авиатор"-и Душанбе гузаронида мешаванд.

Дар марҳилаи гурӯҳӣ бозиҳо дар як давра аз рӯи низоми даврӣ баргузор мешаванд. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба даври ниманиҳоӣ роҳ меёбанд. Бозиҳои ниманиҳоӣ 30 апрел дар Алмосӣ ва Душанбе сурат мегиранд. Дастаҳои мағлубшуда барои ҷойи севум талош намуда, ғолибони бозиҳои нимниҳоӣ дар бозии финалӣ, ки 1 май дар варзишгоҳи «Авиатор»-и Душанбе соати 16:00 баргузор мегардад, рақобат мекунанд.

"Дастаи духтаронаи Тоҷиикстон барои иштирок дар сабқати минтақавӣ ба тамринҳои омӯзишӣ дар Норак шурӯъ кард. Зебо Гасимова, сармураббии дастаи Тоҷикистон (U-14) ба даста 18 бозингар-3 дарвозабон, 5 ҳимоятгар, 6 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагарро даъват намудааст"- омадааст дар иттилоъия.

 

Лентаи хабарҳо
0