Ҷоизаи КМО ҶТ ба қаҳрамони ҷудои Осиё

Обуна шудан
Кумитаи олимпии Тоҷикистон ба қаҳрамони гуштини ҷудои (дзюдо) Осиё Комроншоҳи Устопириён 10 ҳазор сомонӣ ҷоизаи пулӣ тақдим кард.

ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. 21 апрел аз ҷониби Акбар Ғуломов ноиби президенти Кумиати олимпӣ ва ҳамзамон роҳабри ширкати Ғаюр ба паҳлавони тоҷик Комроншоҳи Устопириён мукофоти пулӣ супурда шуд, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии КМО-и Тоҷикистон.

Дар доираи барномаи ҷоизаи президенти Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ паҳлавони тоҷикро ҳамчунин мукофоти пулӣ аз ҷониби президенти кишвар ба маблағи 75 ҳазор сомонӣ интизор аст.

Пирӯзии Расул Боқиев дар сабқати дзюдо дар Маскав

"Комроншоҳи Устопириён аввалин намояндаи Тоҷикистон, ки дар таърихи ҷудои кишвар ба унвони қаҳрамони Осиё ноил гардид, мебошад",-изҳор дошт зимни маросими ҷоизасупорӣ дабири кулли КМО-и Тоҷикистон Баҳрулло Раҷабалиев.

Дар маросими мукофотсупорӣ ба қаҳрамони дзюдои Осиё ҳамчунин сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон Носир Бозоров ширкат дошт ва паҳлавони тоқикро бо пирӯзиаш муборакбод намуд.

Дар баробари ин Раиси федератсияи дзюдои тоҷик  Нурулло Лоиқов иброз дошт, ки дар баробари Комроншоҳ, ки соҳиби роҳхат ба Бозиҳои Рио-де-Жанейрои Бразилия гардид, боз ду роҳхати дигарро аз гуштигирон интизоранд, омадааст дар иттилоия.

Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Осиё, ки рӯзҳои 15-16 апрел дар Тошканд — пойтахти Узбакистон баргузор шуд, паҳлавони номдори тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 килограмм соҳиби медали тилло гардид.

 

Лентаи хабарҳо
0